Бойгонии матолиб

01 May 2023

НАҚШИ МАОРИФ ДАР ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ МАНФӢ ДАР ҶОМЕА

Ҷаҳони муосир бо зуд-зуд тағирёбии худ ҳаёти инсониятро низ ба таҳаввулотҳои гуногун мувоҷеҳ карда истодааст. Зеро дар ҷаҳон мубориза барои мавҷудият, бақоӣ ва зинда мондану идома додани ҳаёт идома дорад, ки ин ба яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи ҷомеа табдил ёфтааст. Махсусан, муборизаҳои сиёсии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон дар шароити муосир тезутунд гашта, аз муқовиматҳои майдатарин то ба бархӯрдҳои тезутунди сиёсию ҳарбӣ расида истодааст.

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми бародари Узбекистонро ба муносибати баргузории бомуваффақияти раъйпурсии умимумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон табрик менамоям.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Имрӯз ҳамкори муҳтарами мо мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Исоев зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат самимона табрику муборакбод намуда, барояшон беҳтарин таманниётро орзумандем.
Рӯзи мавлуди Шумо шоиста бод,
Хуррамиву хушдилӣ пайваста бод.
Армуғони мо дар ин рӯзи мурод,
Даста-даста ҳадяву гулдаста бод.

Бо арзи эҳтиром ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТЕРРОРИЗМ. Зиракии сиёсиро аз даст набояд дод, бар зидди ин вабои аср дастҷамъона бояд мубориза бурд

ДУШАНБЕ, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Терроризм, амалҳои террористӣ ва фаъолияти ташкилоти террористӣ дар замони муосир таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсии давлатҳои олам ба шумор мераванд.

«АЛЛОМА АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ»

Ба бузургдошти соли таваллуди аллома Ҳаким Абурайҳони Берунӣ Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» китоби шоир ва олими тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Русия Ҳасани Султонро таҳти унвони «Аллома Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расонд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
Китоби мазкур дар мамлакати мо асари нисбатан мукаммал буда, дар он баъзе воқеоти муҳими рӯзгор ва хусусияти осори маъруфи Берунӣ баён гардидааст.
 

Ривояткунандагоне, ки шогирдони Абуҳанифа буданд

Инро қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз шогирдони машҳур, мулозим ва мусоҳиби Абӯҳанифа (р) Ҳасан ибни Зиёди Лӯълуии Куфӣ мусоҳиби аст, ки соли вафоташ 204-и ҳиҷрӣ мебошад. Ӯ бо ривояти ҳадис хеле машҳур буд. Дар ин хусус дар борааш гуфтаанд, ки ӯ дувоздаҳ ҳазор ҳадисро аз Ибни Ҷурайҷ навиштааст, ки ҳамаи фуқаҳо ба ин эҳтиёҷ доранд. Инчунин ӯ бо ривояти раъйҳои Абӯҳанифа (р) машҳур шудааст. Лекин баъзе аз муҳаддисин ривояти ӯро рад мекунанд. Воқеан ҳам Аҳмад ибни Абдулҳамид дар бораи ӯ мегӯяд: “Мисли Ҳасан ибни Зиёд хушхулқтар ва барои сӯҳбат муносибтар касеро надидаам”.

Яндекс.Метрика