Бойгонии матолиб

04 May 2023

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Имрӯз ҳамкори муҳтарами мо мудири бахши кадрҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулором Саноӣ зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат самимона табрику муборакбод намуда, барояшон беҳтарин таманниётро орзумандем.

Рӯзи мавлуди Шумо шоиста бод,
Хуррамиву хушдилӣ пайваста бод.
Армуғони мо дар ин рӯзи мурод,
Даста-даста ҳадяву гулдаста бод.

Бо эҳтиром, ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ки: "Фарҳанг бошад зи гавҳар фузун"

❗Зи доно бипурсид пас додгар,
Ки: «Фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?.
Чунин дод посух бад-ў раҳнамун,
Ки: «Фарҳанг бошад зи гавҳар фузун,
Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад,
Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.
Гуҳар бе ҳунар зору хор асту суст,
Ба фарҳанг бошад равон тандуруст»!
✍️Абулқосими Фирдавсӣ

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Остона мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим - Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим - Жомарт Токаев Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш самимона хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Бекир Шаҳин

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ дар Туркия, бо ҳамкасби хеш Бекир Шаҳин мулоқот карда, масъалаи созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар баррасӣ кардааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ дирӯз, 2-юми май, сурат гирифта, ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро баҳс кардаанд.

Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Нимаи дуюми рӯзи 3 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар идона ороста шуда буд.

Хок бар сар нафси нофарҷомро!

❗Соқиё бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро.
Соғари май бар кафам неҳ то зи бар,
Баркашам ин далқи азрақ фомро.
Гар чи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Бода дар деҳ чанд аз ин боди ғурур,
Хок бар сар нафси нофарҷомро.
Дуди оҳи синаи нолони ман,
Сухт ин афсурдагони хомро.
Маҳрами рози дили шайдои худ,
Кас намебинам зи хоссу омро.
Бо дилороме маро хотир хуш аст,
К- аз дилам як бора бурд оромро.
Нангарад дигар ба сарв андар чаман,
Ҳар ки дид он сарви сим андомро.

Яндекс.Метрика