Бойгонии матолиб

08 May 2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Иди Ғалаба муборак!

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Марказ Иди Ғалабаро ба тамоми кормандони Маркази исломшиносӣ ва кулли мардуми шарифи Точикистон табрику муборакбод мегӯяд!

Бигузор болои сарамон осмони софу беғубор ва дар Ватани маҳбубамон сулҳу субот ва тенҷию амонии ҳамешагӣ пойдор бошад.

Худованд ҷангу хунрезиро ба сари ягон миллати дунё, наоварад. Омин.

Бори дигар идатон муборак ҳамватанони азиз!!!

Масъули сомона: Абдуллоҳи Қодирӣ

Дар Тоҷикистон то имрӯз 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондааст...

Тайи як сол дар Тоҷикистон 39 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз олам даргузашт.

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 20 апрел 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Соли гузашта, тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов собиқадорон 98 нафар буданд. Ду сол пеш, дар соли 2020 бошад, Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорон ҷашн гирифтанд.

Яндекс.Метрика