Бойгонии матолиб

12 May 2023

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 12 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Сарвазир Қоҳир Расулзода саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев расонид.

АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАВСИМИ ҲАҶ-2023 МУАЙЯН ШУД

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки арзиши хизматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд ва ин нарх нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли гузашта 1520 сомонӣ арзонтар мебошад.

Яндекс.Метрика