Бойгонии матолиб

16 May 2023

"Меҳвар"

"Меҳвар"
-Вижагиҳои раванди ҷаҳонишавӣ..
-Забон ва дидгоҳи иқтисодӣ - қудрати асосӣ дар замони ҷаҳонишавӣ...
-Ҷаҳонишавӣ - фароянде, ки дар он марзҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва ғ.. камрангтар мегарданд...
-Дар ин раванд: густариши иртибот ва расонаҳо ва табодули иттилоот...
--Тағйири нигаришҳо ва идеологияҳо ва нозуктар шудани эҷоди пайвандҳо...

Оғози сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

16 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ дошт.

ИТТИЛОИЯИ Форуми XVIII-уми Созмони Ҳамкории Шанхай

Рӯзҳои 22-23 майи соли 2023 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи СҲШ таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми XVIII-уми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.

Бахшида ба рӯзи Фирдавсӣ ва Шоҳномаи шоҳонааш

Бахшида ба рӯзи Фирдавсӣ
ва Шоҳномаи шоҳонааш

Чу бунёди миллат ба ҳангома нест,
Бидуни нассу мадрак ин нома нест.
Назар кун ба асноду ақлу далел,
Намо гуфтаи бедалелро ту вел.
Ягон нуктааш бе асоснома нест,
Басо нома ҳамсанги Шаҳнома нест.

- - - -

Яндекс.Метрика