Бойгонии матолиб

17 May 2023

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати ҳафтодсолагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ тансиҳатӣ, саодат ва дар татбиқи нақшаҳои дарпешистода муваффақиятҳои минбаъда таманно намуданд.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро орзу намуданд.

ВОХУРӢ ДАР МАКТАБИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ

Ҳафтаи гузашта таҳти унвони “Ҳафтаи таърихи миллат” силсилаи чорабиниҳо дар мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо устодону хонандагон баргузор шуд ва дар он сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Муллоҷонов Сайфуллоҳ маърӯза намуд. 

Дар мулоқот Муллоҷонов С. дар мавзӯи “Унсурҳои ҳувияти милии тоҷикон ва роҳҳои асосии мубориза алайҳи ифротгароӣ дар ҷомеа” суханронӣ кард. Қайд гардид, ки дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон тарбия кардани насли наврас имкон медиҳад, ки ҷавонон бо огоҳиву басират дар муқобили ҳар гуна таҳдиду хатарҳо мубориза баранд.

Шогирдони баъдии Абӯҳанифа

Ҳоло шахсиятҳоеро ёдовар мешавем, ки аз ҷумлаи шогирдони Абўҳанифа ё шогирдони шогирдони ӯ касби илм намуда, ба ривоят ва тадвини фиқҳи ҳанафӣ пардохта ва онро барои пасомадон расондаанд. Аз он ҷумла: Исо ибни Абон, ки шогирди Имом Муҳаммад буда, фиқҳро аз ӯ фаро  гирифтааст. Ӯ мансаби қозигиро дар Басра ба уҳда дошт. Дар ибтидо аз маҷлиси Муҳаммад ибни Ҳасан канораҷӯӣ мекард ва дар ҳаққи Абӯҳанифа (р) ва шогирдонаш мегуфт: “Онҳо гуруҳе ҳастанд, ки ҳадисро мухолафат мекунанд” Аммо баъдтар Муҳаммад ибни Самоа ӯро ба маҷлиси имом Муҳаммад ҷалб намуд.

КИБЕРҶИНОЯТ. ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ ФИШАНГИ АСОСИИ МУБОРИЗА ХОҲАД БУД

Дар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо арзёбӣ мешавад. Чунки давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфитҷӯй, аз ҷумла ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ аз воситаҳои ахбори омма ва интернет васеъ истифода намуда, бо ин роҳ ба ташаккул ва тафаккури инсонҳо таъсир мерасонанд. Дар қарни гузашта муҳаққиқи рус Виктор Афанасев (18 ноябри 1922 – 10 апрели 1994) чунин гуфта буд: “Матбуот, радио ва телевизион силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса кард”.

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳои директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар ин маврид

Муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун давлатҳои дӯст ва ҳамсояҳои наздик  аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ дорад. Дар доираи ҳамин муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягии нек  ду давлат ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ дошта,барои ҳамдигар   шарикони боэътимоди стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли густариш қарор дошта,  меҳвари онро  асосан ҳамкории рушдёбандаи иқтисодию тиҷоратӣ ташкил медиҳад.

Мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки тайи даҳ соли охир равобити шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ба сатҳи сифатан нав баромад ва ин муносибатҳо намунаи ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ мебошанд.

Яндекс.Метрика