Бойгонии матолиб

19 May 2023

МАРОСИМИ ИМЗОИ 13 САНАДИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин аз руи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 13 санади нав имзо шуд

Бознашр аз https://www.mediaacademy.tj/124234534534/

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

18 май дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардид.

Шоми рӯзи 18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда

Шоми рӯзи 18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсараш, бонуи аввали Чин хонум Пэн Лиюан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Яндекс.Метрика