Бойгонии матолиб

31 May 2023

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 31 майи соли 2023 №226
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳусейнзода М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хусейнзода Музафар Маҳмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 31 майи соли 2023 №227
ш. Душанбе

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 май дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба 4 лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак бод!

Пеш аз ҳама таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллии мо дар он аст, ки тавассути баргузор кардани чунин маъракаҳои бузурги фарҳангӣ, хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ, ҳиссиёти ватандўстӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва арзишҳои дигари давлати соҳибистиқлол ва миллати мутамаддину сулҳдўсти Тоҷикистон таҳким ва такомул ёфта, ба ин васила амнияту ваҳдати милливу давлатии Тоҷикистон ва тамоми қавму халқиятҳои маскуни он таъмин карда мешавад.

Яндекс.Метрика