Бойгонии матолиб

01 June 2023

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ гардид.

Яндекс.Метрика