Бойгонии матолиб

03 June 2023

ИДИ ҚУРБОН НАМОДЕ АЗ ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ ВА ВАҲДАТУ ДӮСТӢ ДАР ҶОМЕА АСТ!

«Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд».

Эмомалӣ Раҳмон 

Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳои тамоми дунёст, ки ҳамасола дар санаи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамарӣ баргузор мегардад. Иди Қурбон барои тоҷикон ҳамчун як ҷузъи ҳувияти динӣ ва фарҳанги миллии мо тоҷикон дар тӯли асрҳо хизмат кардааст.

Китоби муҳим дар шинохти салафия

Собиқаи нигоштани таърихи силсилаву мазоҳиби исломӣ ҳадди ақал ба ҳазор сол қабл мерасад. Ин падида танҳо хосси мусулмонон ё ҷаҳони ислом набуда, тақрибан сарнавишти тамоми адёни бузургу кўчак чунин рақам хўрдааст. Аммо камтар пажўҳишеро метавон ном бурд, ки аз ағрози сиёсиюу фирқаӣ холӣ ва бе таассуб нигориш ёфта бошад. Дар масири таърих, агар намояндагони мазҳабҳои расмиятёфтаву давлатӣ мухолифони худро «аҳли бидъат», «гумроҳ», «хориҷӣ» ва ғайра номанд, мазоҳиби оппозитсоинӣ ҳам дар таъну нафрини рақибони идеологии худ аз ҳеҷ чиз дареғ намеварзиданд.

Яндекс.Метрика