Бойгонии матолиб

05 June 2023

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз, 5 июн Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Тибқи барномаи сафар, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров пешбинӣ шудааст.

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани

5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Яндекс.Метрика