Бойгонии матолиб

21 September 2023

Терроризм хатари глобалист

Солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардида истодааст. Дар ин давра давлатҳои зиёде мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Бадбахтона, нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ зиёд мешаванд. Ба ин монанд асосан амалҳои номатлуби замон экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст.

ТЕРРОРИЗМ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД!

«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Моҳият ва ҳадафҳои экстремизм, терроризм ва бархўрди тамаддунҳо дар замони ҳозира

Мафҳумҳои зиёдравӣ, таассуб, радикализм, ин зинаҳои инкишофи экстремизм (ифротгароӣ) калимаи лотинии extremus буда, маънояш тундравӣ, аз андоза гузаштан мебошад ва ифодагари пайравию ҷонибдорӣ аз амалу ақидаҳои тундравӣ, тундгароӣ мебошад. Шахсеро, ки дар фаъолияти худ аз амалҳои тундравию тундгароӣ ҷонибдорӣ менамояд, экстремист номидан хато нест. Ашхоси ҷонибдори амалҳои ифротгароёна асосан ягон намуди мусолиҳа, гуфтушунид, мувофиқаро қабул надоранд.

«Мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун мазҳаби гуфтугўи тамаддунҳо ва фарҳангҳо»

Абўҳанифа Нўъмон Ибни Собит, Имоми Аъзам (699-767) фақеҳ ва муҳаддис, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ дар оилаи тоҷири сарватманд таваллуд ёфта, дар синни 22- солагӣ шогирди яке аз фақеҳони машҳури ироқӣ Ҳаммод ибни Абўсулаймон гардидааст. Дар давоми 18 - сол, яъне то вафоти устодаш таълим гирифта, 10-сол баъди реҳлати устод маҳфили ўро ҳамчун фақеҳи бонуфузтарини Кўфа ва Басра сарварӣ намудааст. 

ИМРӮЗ ДАР ТАЪРИХ

21 сентябр

* 21 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» суханронӣ карданд.

* 22 сол пеш, 21 сентябри соли 2001 маросими расмии баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма» баргузор гардид.

Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2023, ш. Ню-Йорки ИМА

Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид

20.09.2023, ш. Ню-Йорки ИМА

Бознашр аз сомонаи www.president.tj

Яндекс.Метрика