Бойгонии матолиб

30 September 2023

Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона...

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба Ту машғулу Ту ғойиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки Туро металабам хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туйӣ Ту,
Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Мулоқот бо ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

АЗ ҶОН ГУЗАР КАРД

На ҳар марде чу ӯ аз ҷон гузар кард,
Тани худро ба халқи худ сипар кард.

Хатар меомад ҳар ҷо пеши рӯяш,
Валекин боз ҳам азми сафар кард.

Ба ҳар ҷое сухан аз сулҳ мегуфт,
Дар ин ҷода ба бадхоҳон зафар кард.

Барои модари гумкардафарзанд,
Ҳазорон бор чашми хеш тар кард.

Бувад ӯ Пешвои миллати мо,
Ки бар мо чун падар умре назар кард.

Намуд ӯ Парчами моро парафшон,
Ба юмнаш роҳи миллат пур зи зар кард.

Парешонгаштагонро ҷамъ овард,
Ба тифлони сағир кори падар кард.

РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ГИРОМӢ БОД!

БЕҲТАРИН МАРДУМ МУАЛЛИМ МЕШАВАНД

Дар базми ишқ шамъи фурузон муаллим аст,
Парвардигори руҳи ҳакимон муаллим аст.

Қарори шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасманд гардонидани ҷоизадорони 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ

⚡Қарори шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасманд гардонидани ҷоизадорони 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар додааст.

Тибқи ин қарор, ба иштирокдорони 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2023, ки дар Чин баргузор гардида истодааст, барои касби мақоми аввал – хонаи сеҳуҷрадор, мақоми дуюм – хонаи дуҳуҷрадор ва мақоми сеюм – хонаи якҳуҷрадор аз ҳисоби моликияти шаҳри Душанбе тариқи ройгон ҳамчун моликияти хусусӣ тақдим мешавад.

МАВЛОНО ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ - МУРШИДИ ТАРИҚАТИ НАҚШБАНДИЯ

Дар самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе Ҳазрати Мавлоно ном деҳкадае воқеъ аст. Дар ин деҳкада оромгоҳи пешвои тариқати нақшбандия ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ мавҷуд аст. Ин ному насаб дар Тоҷикистон ва олами Ислом машҳур мебошад. Вале на ҳама одамон аз шахсияти ин бузургвор ва саранҷоми зиндагии ў огоҳанд. Мо дар ин навишта кўшидаем бо такя ба аснодҳои таърихӣ то андозае аз рўзгор ва осори Мавлоно Яъқуби Чархӣ-мутафаккир ва файласуфи барҷастаи форсу тоҷик хонандаи худро ошно созем.

ИШТИРОКИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ Душанбе -2023

ИШТИРОКИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ Душанбе -2023

Аз сомонаи МИҲД - и ш. Душанбе

Иштирок дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 29.09.2023

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судмандро мавриди муҳокима қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард.

Яндекс.Метрика