Бойгонии матолиб

03 May 2024

Рамзи “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” тасдиқ карда шуд

Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» тасдиқ карда шуд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 03.05.2024

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид.

Мафкураи ҷамъиятӣ таҷассумгари ҳолати маънавӣ ва муайянкунандаи хатти рушди иҷтимоӣ (Дар партави «Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар» 09.03.2024)

Яндекс.Метрика