Бойгонии матолиб

13 June 2024

ҲИКМАТИ ҚУРБОНӢ ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ

Решаи қурбонӣ аз замони фарзандони Одам алайҳис салом, Ҳобил ва Қобил буда, паёмбарони илоҳӣ низ баъд аз ӯ ин корро анҷом медоданд ва он дар байни аксари миллатҳои дунё дар давраҳои гуногуни таърихӣ арзи вуҷуд кардааст. Аммо замоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристода шуд, ин суннати паёмбарон ба оини хурофотӣ ва ғалат омехта шуда буд. Шеваи мардуми араб дар замони ҷоҳилият чунин буд, ки пас аз забҳи қурбонӣ Каъбаро ба хуни он олуда мекарданд ва қисмате аз гушти қурбониро бар хонаи Каъба меовехтанд, то Худованд онро қабул кунад.

Оромгоҳи Хоҷа Алоудини Аттор, Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ

Оромгоҳи Хоҷа Алоудини Аттор, Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ (? -1399) — ориф ва сӯфии форс-тоҷик, яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия, муриди Баҳовиддини Нақшбанд -дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандарёи Узбекистон мебошад. Муҳаммад ибни Муҳаммад Алоуддини Бухорӣ аслан аз Хоразм мебошад.

Озодии баён ва истиқлол

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 

МАҚБАРАИ ҲАКИМ ТИРМИЗӢ

Муҳаммад ибни Алӣ Ҳаким Тирмизӣ асосгузори силсилаи «ҳакимия»-и тасаввуф мебошад, ки дар тасаввуфи хуросонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст, ки Ҳаким Тирмизӣ аз зумраи кибори машоих ва суфиёне мебошад, ки бо арбобони бузурги тасаввуф, ба мисли Абу Тӯроби Нахшабӣ, Аҳмад Хизрия, Ибн Ҷило сӯҳбат намудааст. Ҳаким Тирмизӣ қоидаи мантиқии ягонагии ирфонӣ-диалектикаи «зоҳир ва ботин»-ро таҳия намуд. Ӯ таълим медод, ки ба қоидаи зоҳирии ибодат беэътино будан ва танҳо бо қоидаи ботинӣ машғул будан ҷаҳолат аст.

Яндекс.Метрика