Бойгонии матолиб

08 August 2024

МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИХТИЁРӢ

Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон бо меҳнати шоиставу тафаккури волои сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои нодир ва руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандориву меҳанпарастӣ таҷлил менамоянд.

Истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки давлату миллатҳои гуногун солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд харҷ намоянд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд.

ЗАРУРАТИ ҲИФЗИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҲОҶУМИ ФАРҲАНГӢ

Либос аз ҷумлаи ниёзҳои аввал ва асосии инсон, ба мисли манзил, хӯрок ва ғайра ба ҳисоб меравад. Он дар фарҳанги асили тоҷикӣ аз навъҳои гуногуни зиёде бархӯрдор аст. Ин гуногунӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва тоҷикнишин дар байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ бар ҳасби ҷойгоҳи иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷинсӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дида мешавад. Собиқаи фарҳанги ғании либоси мардуми тоҷикро бояд дар анъанаҳои пӯшиши мардумони минтақаҳои мухталиф ҷустуҷӯ кард.

ҲАР МИЛЛАТ АЗ ТАРЗИ ЛИБОСПӮШИЯШ ШИНОХТА МЕШАВАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 20 июни соли 2024 ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав имзо гузоштанд. Дар банди 5-и моддаи 18 қонуни мазкур омадааст: «Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд».

Яндекс.Метрика