Бойгонии матолиб

13 August 2024

ДАР ТОҶИКИСТОН БА 2500 НАФАР НАМОЗГУЗОР 1 МАСҶИД РОСТ МЕОЯД. Бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чанд муддат инҷониб дар воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон ва маҳдуд намудани озодии эътиқод ва пайравӣ ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Чунин андешаҳо дар заминаи маълумоти нодуруст ба вуҷуд омадаанд. Вобаста ба масъалаи бамиёномада ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуне, ки қонеъ намудани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандонро маҳдуд месохта бошад, қабул нагардидааст.

Худкушӣ амали зишту нораво ва нангбор барои як миллат аст!

Худкушӣ ва ё даст задан ба ҷони хеш амалест, ки боиси нигаронӣ ва ташвиши ҳамагон аст.

Масъалае, ки барои ҳар як миллат нангбор аст.

Худкушӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон дар назди мушкилоти зиндагӣ оҷиз монда, роҳи дигари ҳал намудани мушкилотро намебинад ва таслим мешавад.

Худкушӣ кирдори номатлуб ва даҳшатбори ҷомеа буда, бо шунидани чунин хабари шум кас ба ваҳму таҳайюр меафтад.

Ин амали ношоиста натанҳо ба худи инсон, балки ба хешовандону наздикони ӯ ҷабри зиёд меоварад.

Равоншиносон худкуширо ба се синф ҷудо кардаанд:

Брифинг дар Вазорати корҳои хориҷӣ

Имрӯз, 13/08/2024 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ брифинг бо иштироки корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим иштирок ва дар мавзуи " Асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд" ва "Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ" суханронӣ намуд.

Шуъбаи итиилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика