Бойгонии матолиб

19 August 2024

МАФҲУМ ВА НАВЪҲОИ ЛИБОС ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

Либос яке аз ихтирооти қадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгориҳои давраҳои охири палеолитӣ тарошкордҳои сангӣ ва сӯзанҳои устухонӣ ёфт шудаанд, ки бо онҳо пӯст метарошиданд ва либос медӯхтанд. Дар баробари пӯст, барг, алаф, пӯстлохи дарахт низ ҳамчун либос истифода мешуданд. Шикорчиён ва моҳигирон барои либос пӯсти моҳӣ, рӯдаи ҳайвоноти баҳрӣ, пару пӯсти паррандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани либос нахи растаниҳои худрӯйро ба кор мебурд.

ДОНИШ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Дар тӯли таърих башариятро ҳар чӣ беҳбуде ва пешрафте шудааст, маҳз, бо шарофати дониш будааст. Донистани ашёю ҳаводиси рӯзгор, донистани хубу бад, зарару фоида, дӯсту душман, муҳити зиндагӣ, сирру асрори табиат ва ҳазорҳо-ҳазор раванду ҳодисаҳое, ки инсонро дар тӯли зиндагияш дунболагирӣ менамоянду ба ҳаёти инсон дар ин ё он шакле таъсиргузоранд, ҳамеша ҳадафи тафаккури инсон қарор доштанд. Ҳар чӣ бештар огоҳӣ аз онҳо ба ҳамон андоза худи инсонро хушҳолу зиндагии ӯро сабуку гуворо сохтааст.

Яндекс.Метрика