Бойгонии матолиб

01 October 2024

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ЗАБОНИ СУЛҲУ АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ИНСОНӢ

Забон муҳимтарин василаи муошират, иртиботи байни халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои мухталифи башар маҳсуб мегардад. Омӯзиши забон, омӯзиши фарҳангу тамаддуни башар буда,  дар пешрафту тараққии ҷомеа нақши бориз дорад. Маҳз, тавассути забон ҷомеаҳо аз урфу одат ва таъриху фарҳанги якдигар ошноӣ пайдо мекунанд ва ба воситаи он ҳамеша дар иртибот қарор гирифта, ҳамзамон, ҳамкориҳои худро ба роҳ мемонанд. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забон аз муҳимтарин талаботи ҷомеаи имрӯзаи инсонист.

САҲМИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИК ДАР ТАШАККУЛИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ

Дар мавриди хидматҳои фаровони аҷдоди тоҷикон ба ойини нав дар сарчашмаҳо маълумоти зиёд вуҷуд доранд, аммо аз сабабе ки ислом тамоми миллатҳоро зери мафҳуми ягонаи «миллати ислом» муттаҳид мекард, саҳми аҷдоди мо тоҷикон дар интишори ислом, яъне аз ибтидои зуҳуру ташаккули он то ба вуҷуд омадани салтанати Тоҳириён, ки хусусияти дунявӣ дошт дар миёни ду асри аввали пешрафти ислом норавшан боқӣ мондааст.
 
Яндекс.Метрика