Бойгонии матолиб

30 October 2024

Конститутсия – заминаҳои ҳуқуқӣ- сиёсӣ ва иҷтимоии ташаккули давлатдории миллӣ

Дар мақолаи мазкур масъалаи мақом ва нақши Конститутсия дар ташаккули давлатдории миллӣ, нақши низоми дунявият дар давлатсозӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрванд  ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифтааст. 
 
Калидвожаҳо: Конститутсия, қонун, дунявият, озодиҳои инсон, озодии виҷдон, озодии эътиқоди динӣ, ҳуқуқҳои инсон.
 

Биё, ҳоҷӣ, зи ҳаҷ рафтан ҳазар кун

Биё, ҳоҷӣ, зи ҳаҷ рафтан ҳазар кун,
Мазори ҳазрати дилро гузар кун.
Худо дар Макка зери сахраҳо нест,
Ҳамеша бо туву аз ту ҷудо нест.
Худоеро, ки бо ӯ мешавӣ маст,
Зи гардан ҳам ба ту наздиктар ҳаст.
Туро ин бинишу андеша танг аст,
Ки пиндорӣ, Худоят зери санг аст.
Худованде, ки Раҳмону Раҳим аст,
Маконаш дар дилу чашми ятим аст!

МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика