Бойгонии матолиб

04 November 2024

ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БАХШИДА БА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси байналмилалӣ бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: дастовард ва дурнамо” бо иштироки олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ходимони варзидаи давлатӣ, вакилони Парлумони ҷумҳурӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид .

КОНСТИТУТСИЯ ВА АКСИОЛОГИЯИ ҲУҚУҚӢ: МАСОИЛИ ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАРОИТҲОИ ТАЪРИХӢ

Конститутсия аз назари илми арзишшиносӣ – аксиология манбаи арзишҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодист. Дар Конститутсия беҳтарин ва гиромитарин арзишҳо, принсипҳо ва меъёрҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки барои рушди дуруст ва одилонаи инсон ва ҷомеа аҳамият доранд, тарҳрезӣ шудааст. Конститутсия ҳамчун манбаи арзишҳо қиммат ва эҳтиром дорад, вале бархурди арзишҳо дар ташкили ҳаёти иҷтимоӣ мушкилзо низ ҳастанд.

Конститутсия кафили ҳастии миллат: сайри таърихӣ оид ба конститутсияҳо

«Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАЪЗЕ САРЧАШМАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ШАКЛГИРИИ АНДЕШАҲОИ КАЛОМИИ АБУМАНСУРӢ МОТУРИДӢ

Замони зиндагонии Абумансури Мотуридӣ ба даврони ҳукмронии Сомониён рост меояд, ки аз нигоҳи пешрафти илму адаб, пайдоишу шаклгирии фирқаву мактабҳои фалсафӣ ва динӣ мақоми арзанда дорад. Ба андешаи аксарияти шарқшиносон ва муаррихон Сомониён аз некрафтортарин шоҳон буданд, ки ҳангоми додгарӣ, диндорӣ ва донишдӯстӣ, ақида доштанд, ки илм ҷуз дар сояи озодии баҳс ва осон гирифтану мудоро кардан, пешрафт ва рушд нахоҳад кард.

Ҳикояҳо_ривоятҳо_нақлҳо

Марде дар соҳили баҳр гардиш мекард. Нохост косахонаи сари одамеро дид, ки дар соҳил хобидааст ва бо таассуф гуфт:
"Ин каллаи кадом бечораи ҷабрдида аст. Туро кӣ ин ҷо партофта бошад?"
Ғайричашмдошт, нохост калла ба сухан омада гуфт:
"Забонам!"
Мард аз ин ҳол ҳайрон шуд. Вақте, ки ба шаҳр расид ба одамон муъҷизаи дидаашро ҳикоят кард. Мардум дар ҳайрат афтоданд, ки каллаи пӯсида чӣ тавр сухан мегӯяд?
Он мард гуфт, ки ҳар касе ба ман 10 танга диҳад, каллаи сухангӯро ба ӯ нишон меди ҳам.

Яндекс.Метрика