Бойгонии матолиб

13 November 2024

Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат

Миллати решабатаърихи тоҷик бо вуҷуди мероси гаронбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиаш бо амри тақдир дар масири таърих азиятҳои бемислеро кашидааст. Вале аз ин азиятҳои бемисли қарб ҳазор солаи таърихӣ дарси ибрат нагирифта, боз бо ҷурму иллатҳои мухталиф дар саргаҳи ин саодати сиёсӣ миллати тоҷик бо кашмакашҳои сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуд. Оташи фитна дар кӯчаю шоҳроҳои давлати ҷавон аланга зада манзили мардумро ба коми худ кашида, навҳаи модари тоҷикро ба само печонд. Оинаҳои нилгуни олам аз оташи ҷанги шаҳрвандии кишвари мо хабарҳо пахш мекарданд...

Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат

Ин ҳолат оламро дар маҷмӯъ ноором сохта дастоварду муваффақиятҳои инсониро дар самти сиёсат ва ҳуқуқ зери шубҳа кашид. Муносибати сард ва нобоварона нисбат ба низому тартиботи олами атроф ва заъфи низомҳои идора дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ба ҳадде боло рафт, ки қисме ба идоракунии бевоситаи халқӣ (ин ҳолатро хеле барвақтар яке аз қурбоншудагони ғарбӣ дар «Китоби сабзаш» гуфта буд) умед баста, қисмати дигари тундрав ба шикастани унсурҳои мавҷудаи низоми олам ва рамзҳои идораи кишварҳои бузург рӯ оварданд (М. Тетчер, Жириновский, Хумайнӣ ва д.).

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат Вақт баҳогузори воқеаҳост

Пас аз гузашти солҳо равшан мегардад, ки ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлолияти давлатҳои миллӣ пасманзари як фазои муайяни сиёсии олам ва як ҳолати мафкуравии башарӣ будааст.

Имом Ғазолӣ мефармояд...

Имом Ғазолӣ мефармояд, ки бар ҳар узве аз аъзои бадан закотест, ки адои онҳо воҷиб мебошад:

1. Закоти қалб, тафаккур дар азамат, ҳикмат, қудрат ва неъматҳои Худованд аст.

2.Закоти чашм, нигаристан ба махлуқоти Худо ва дидани муқарароти ӯ ва ибрат гирифтан аз онҳо ва низ фурӯ бастани чашм аз маҳрамоти ӯ мебошад.

3.Закоти гӯш, шунидани ҳар он чизест, ки сабаби наҷот мешавад.
Закоти забон, нутқ ба он чи, ки сабаби тақарруб ба Худост.

4.Закоти даст, даст кашидан аз мункарот ва бадиҳо ва ба кор бурдани он дар умури хайр аст.

Яндекс.Метрика