Анъанаҳо, урфу одатҳо, рафторҳои иҷтимоие мебошанд, ки дар тӯли асрҳо тавассути аз насл ба насл гузаштан ташаккул меёбанд ва орзуву омоли мардумро таҷассум мекунанд.
Агар ба таҳкими анъанаҳо аз ҷиҳати фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ назар кунем, маълум мегардад, ки донишмандону орифон анъанаҳои мардумиро расми хуб ва писандида баён намудаанд, аз ҷумла: Имом Абуҳомиди Ғаззолӣ мегӯяд: «Урф чизест, ки дар дилҳо аз тариқи ақлҳо қарор гирифтааст ва бо хӯю кирдори солим пазируфта шудааст» [1].