ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР - директори Марказ

 

ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР 2 майи соли 1968 дар ноҳияи Вахш, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1994 Университети давлатии Тоҷикистонро (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳамчун ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст.

Соли 2004 курси такмили ихтисосро дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Россия гузаштааст. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 30 китобу рисолаҳои илмӣ.

Дифои рисолаи номзадӣ соли 1997 ва рисолаи докторӣ соли 2004 шаҳри Москва.

Солҳои 1985-1987 мутахассиси хурд, парастор ва сарпарасти мактаб-интернати ёрирасони ноҳияи Вахш;

Cолҳои 1987-1989-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ;

Cолҳои 1989-1994 донишҷу, 1994-1997 аспиранти ДМТ.

Солҳои 1997-1999 – муаллими калон, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;

Cолҳои 1999-2001 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба тарбия ва илм, солҳои 2001-2006 муовини декан оид ба таълим кор кардааст.

Соли 2006 ба вазифаи мудири нахустин кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ интихоб шудааст.

6 июни соли 2007 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аз 20 январи то 11 майи соли 2010 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз 11 майи соли 2010 то 6 январи соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи Раиси кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 6 январи соли 2014 то 13 феврали соли 2015 дар вазифаи Раиси кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Муаллифи беш аз 270 асару мақола, 40 китобу рисола аст.

1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

27 апрели соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавони кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000.

Соли 2012 бо медали 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Оиладор. Cоҳиби шаш фарзанд.

Яндекс.Метрика