Муовини директор

Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил - Муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил 05 январи соли 1966 дар ноҳияи Шаҳринав, деҳаи Аҷам дар оилаи деҳқон таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои фалсафа.

Солҳои 1973-1983 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи А. Дониши деҳаи Аҷам таҳсилро шуруъ карда, онро бо гувоҳномаи хубу аъло хатм кард.

Соли 1983 ба факултаи забонҳои шарқии шуъбаи арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, соли 1990 факултети номбурдаро бо диплом хатм намуд.

Пас аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси Ходими илмии мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор ба фаъолияти корӣ шуруъ кард.

Солҳои 1992-1995  дар шуъбаи Аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисоси фалсафа ба итмом расонида, соли 2005 рисолаи номзадии худро дар мавзуи "Таҳлили таърихи фалсафии таҳаввули ғояи Худо” ҳимоя намуд. Рисолаи докториаш бошад, дар мавзўи “Арзишҳои дунявӣ дар ислом” дар ҳолати омодагӣ қарор дорад.

Солҳои 1994-2010 ба ҳайси омўзгори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино фаъолият намуд.

Солҳои 2010-2023 Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аз 18 июли соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон» таъин шуда, то ҳол дар ин вазифа фаъолият менамояд.  

Оиладор. Соҳиби 3 фарзанд.

 

Яндекс.Метрика