Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ-амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа

1.Таҳаввулоти назарияи дунявият дар раванди ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ

Дунявият ҳамчун сохти давлатдорӣ дар ҳамон шакле, ки имрўз пазируфта шудааст, дар таносуб ба меъёрҳои таърихии он куллан нав аст. Бо вуҷуди ин, шарҳҳои гуногуни ин мафҳум миёни мутахассисони касбу кори гуногун мавриди баҳс қарор дорад. Аксар вақт дунявиятро дар мазмунҳои манфӣ, ғайридинӣ ва зиддидинӣ баён мекунанд. Шакли муосири дунявияти давлат ҳамчун падидаи таърихӣ дар Ғарб дар замони мубориза барои қудрат байни низоми подшоҳӣ ва калисои католикӣ ба вуҷуд омада буд [1, 149-162].

Чанд сухане дар фазилати моҳи шарифи Рамазон

Рамазон моҳи бузургест, ки савоби аъмол дар он зиёдтар ва дарвозаҳои хайр барои хоҳишмандону дӯстдорони он кушода мешавад. Рамазон моҳи хайру баракат, саховатмандию ҳимматбаландӣ мебошад. Дар Қуръон аз ин моҳ ба номи ҳидояткунандаи мардум ёд шуда, даҳ рӯзи аввали он раҳмат , даҳ рӯзи миёнаи он омӯрзиш, ва даҳ рӯзи охири он озодӣ аз оташи ҷаҳаннам аст.

Китоби “Зиёдот” - и Имом Муҳаммад ҳамчун сарчашмаи нодири масъалаҳои фатвоҳои мазҳаби ҳанафӣ

“Зиёдот” шашумин китоб аз китобҳои “Зоҳиру-р- ривоят” аст. Ин китоб бисёр масоилеро, ки дар китобҳои пешин вуҷуд надоранд, шомил мебошад. Баъзе олимон онро дар шумори китобҳои “Зоҳиру-р- ривоят” зикр накарда, балки онро аз ҷумлаи китобҳои “наводир” ба ҳисоб овардаанд. Аммо аксари уламо онро аз зумраи “Зоҳиру-р- ривоят” донистаанд.

Муҳаммад ибни ҳасан ду китоби машҳури дигар низ дорад, ки қувваи “Зоҳиру-р- ривоят”-ро доранд, агарчи уламо инро эътибор накардаанд.

Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ 24.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи Созмон ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.

Иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Паёми шодбошӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода тансиҳатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон тибқи таълимоти дини мубини ислом моҳи нузули Қуръон, айёми хайру баракат, тоату ибодат ва парҳез аз кинаву адоват мебошад.

Яъне ҳар як мусулмон дар ин моҳ бояд аз ҳама гуна аъмоли зишту нораво худдорӣ карда, дигаронро низ ба роҳи росту дуруст, анҷом додани амалҳои хайру писандида, сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ даъват намояд.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ аз номи роҳбарият ва кулли кормандони Марказ даргузашти собиқ мудири бахши кадрҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулсара Раҳматоваро ба хонаводаи марҳум, ҳамкорон ва ҳамаи ёру дӯстон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён менамоянд.

Муаллима дар тарбияи кадрҳои Маркази исломшиносӣ нақши бузург доштанд.
Равони муаллимаи азиз шод, манзили охираташон обод бод.

Страницы

Яндекс.Метрика