Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои зимоми сиёсату роҳбарии ҷумҳуриро ба зимма гирифтан эҳёи тафаккуру дарки миллиро дар меҳвари сиёсати хеш қарор дода, асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро офариданд.
Қобили тазаккур аст, ки миллати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ҳифзи марзу бум, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, гиромӣ доштани забону фарҳанг ва сарнавишташ талош намудааст.