Сада – ҷашни таърихии тоҷикон

“Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад”. Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада 29.01.2023

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:

- Донотарин одам кист?
- Касе, ки аз ташвиши рӯзгор дилтанг намешавад.
- Ҳимматбаланд кист?
- Он ки неъматашро аз неъмати дунё болотар мегузорад.
- Тавонотарини мардум кист?
- Касе, ки ақлаш комил аст.
- Он кадом оташ аст, ки худро месӯзонад?
- Ҳасад.
- Кадом бино хароб намешавад?
- Адолат.
- Кадом талхӣ дар охир ширин мешавад?
- Сабр.
- Кадом ширинӣ дар охир талх мешавад?
- Шитоб
- Он кадом беморӣ аст, ки табибон ба муолиҷаи он оҷизанд?
- Беақлӣ.
Аз саҳифаи Хазинаи маърифат.

САДА ҷашн ва анъанаҳои миллӣ

Ҷашни Сада - яке аз ҷашнҳои ориёӣ ва мардуми тоҷикзабон аст, ки охири моҳи январ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд.

Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рўзгори мо расониданд.

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро бо дархости он ҷониб ба ҳузур пазируфт.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Истиқлоли давлатӣ ва маросимҳои мардумӣ

Инак соли панҷум аст, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола як зумра фестивалу намоиш, иду озмунҳои анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад, ки сол то сол таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ ва сокинони кишварро ба худ ҷалб менамояд. Ин чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ бо иштироки теъдоди зиёди меҳмонони хориҷӣ ва сокинони кишвар, мутобиқ ба фаслҳои сол дар давоми сол баргузор мегарданд.

Ҷаши Сада аз нигоҳи сарчашмаҳои таърихӣ

Бояд қайд намуд, ки сада дар сарчашмаҳо ва манобеӣ муътамади таърихӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, донишмандону хирадмандони гузашта мисли А.Фирдавсӣ, А. Берунӣ, А. Байҳақӣ, А. Гардезӣ ва дигарон Садаро яке аз се ҷашни бузурги ориёӣ номидаанд. Аз рӯи манобеи таърихӣ Сада қадимтарин ҷашни ориёӣ ба ҳисоб меравад.

Сада дар гузаштаи тоҷикон

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст.Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.  Унсурӣ

Страницы

Яндекс.Метрика