Истиқлоли давлатӣ ва маросимҳои мардумӣ

Инак соли панҷум аст, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола як зумра фестивалу намоиш, иду озмунҳои анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад, ки сол то сол таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷӣ ва сокинони кишварро ба худ ҷалб менамояд. Ин чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ бо иштироки теъдоди зиёди меҳмонони хориҷӣ ва сокинони кишвар, мутобиқ ба фаслҳои сол дар давоми сол баргузор мегарданд.

Ҷаши Сада аз нигоҳи сарчашмаҳои таърихӣ

Бояд қайд намуд, ки сада дар сарчашмаҳо ва манобеӣ муътамади таърихӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, донишмандону хирадмандони гузашта мисли А.Фирдавсӣ, А. Берунӣ, А. Байҳақӣ, А. Гардезӣ ва дигарон Садаро яке аз се ҷашни бузурги ориёӣ номидаанд. Аз рӯи манобеи таърихӣ Сада қадимтарин ҷашни ориёӣ ба ҳисоб меравад.

Сада дар гузаштаи тоҷикон

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст.Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.  Унсурӣ

Ҳасад пеш аз ҳама соҳиби худро нобуд месозад

Ҳасад ё ҳасодат одати бадест, ки дар луғат ба маънои орзӯи аз байн рафтани неъматҳо ва пешравиҳои дигарон аст. Шахси ҳасуд касест, ки дар дарунаш як ҳиссе нисбат ба атрофиён дорад, пешравиҳои онҳоро намехоҳад ва пайваста дар орзӯи он аст, ки инсонҳо шикаст бихуранд ва агар тавонои дошта бошад, монеи пешравиҳои атрофиён мешавад. 

САДА ҷашн ва анъанаи миллӣ

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Абулқосим Фирдавсӣ

СУБОТИ СИЁСӢ-АСОСИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, 23-юми декабри соли 2022)

Имрӯз, 26 - уми январи соли 2023 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бо ҳузури кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада, ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат рӯзи 23 декабри соли 2022 зикр ёфтаанд, бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Суботи сиёсӣ - асоси рушди устувори кишвар”, баргузор гардид.

НАЗАРИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ОН ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН (Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»)

Қисми дуюм. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули мафкураи шӯравӣ чунин идеяҳо матраҳ ва дар ҳаёт ҷорӣ карда шуданд, ки бояд дар ниҳояти кор ба барпо намудани ҷамъияти ҳақиқии коммунистӣ – ҷамъияте, ки дар тибқи таълимоти марксистӣ-ленинӣ, нобаробарии миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва моддӣ вуҷуд надорад, бурда мерасониданд. Ба ин гуна идеяҳо диктатураи пролетариат, иттифоқи коргарон ва дехҳқонон, интеллигенсияи шӯравӣ, иқтисодиёти сотсиалистӣ, эстафетаи коргарӣ, ватандӯстии шӯравӣ (фаромиллӣ) ва ғайра дохил мешуданд.

«СОЛИ 2023-СОЛИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ». 25 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат бо ҳузури кормандон ва собиқадорони соҳа ҳамоиш  ва  дигар чорабиниҳои  идона доир карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Страницы

Яндекс.Метрика