ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)

МУҚАДДИМА
Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад.
Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

ш.Душанбе. 19.01.2023.

ТАВАҶҶӮҲ

Муҳим: тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатӣ ё доимӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон истиқомат доранд расонида мешавад, ки аз 27 январи соли 2023 Ҳукумати Қазоқистон ба қоидаҳои вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ тағйиру иловаҳо ворид кард.

Тибқи тағйиру иловаҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон 90 рӯзи тақвимӣ (се моҳ) дар давоми ҳар 180 рӯзи тақвимӣ (шаш моҳ) будубош намоянд.

ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Январ19, 2023 13:01

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 январи соли 2023 №19
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии
миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сиддиқ С.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд! (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23.12.2022»)

Аз солҳои аввали бадастории истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат ба занону бонувон ҷиҳати соҳибкасб гаштани онҳо равона гардида, дар ин асно барои баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Маҳз, бо тадбирандешиҳои бевоситаи Пешвои миллат давоми зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ рушди бесобиқаи фаъолияту ташаббускориҳои созандаи занону бонувони тоҷик дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеа дида мешавад.

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 18.10.2023. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси Комиссия-мувони Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, аъзои комиссия, намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳрӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими 4 ноҳияи шаҳр ва намояндагони Васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад. Миллат бесавод мемонад. Ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷаи ин ҳама оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.”
_________________

Фазои итиллотӣ ва чолишҳои ҷаҳонишавӣ

Таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳимми сиёсати давлатӣ табдил шуда, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он вобастагии зич пайдо кардааст. Дар шароити муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои истиқлоли сиёсии хеш аст, масъалаи калидӣ ба ҳисоб меравад.

Страницы

Яндекс.Метрика