Таълифоти китобҳои Абӯюсуф

Абӯюсуф китобҳои зиёде таълиф намуда, дар онҳо раъйи худ ва назариёти устодаш Имом Абӯҳанифаро (р) тадвин кардааст.

Асосҳои ҳуқуқии ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ

Яке аз нишонаҳои барҷастаи ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар сатҳи Конститутсияи кишвар сабт гардидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамзистии ду фарҳанги зикршуда мебошад. Андешаи дар моддаи 8 - и Конститутсия зикршуда «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

АДАБ АСТ!

❗Назди арбоби ҳунар мояи имон адаб аст,
Лоҷарам пешаи мардони сухандон адаб аст.
Одамизода агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани Одаму ҳайвон адаб аст.
Як-ду рӯзе ту дар ин мулки ҷаҳон меҳмонӣ,
Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.
Беадабро набувад лоиқи султон чизе,
Нек бингар ба яқин, лоиқи султон адаб аст.
Кардам аз ақл суоле ки бигӯ имон чист?
Ақл бар гӯшу дилам гуфт, ки имон адаб аст.
Чашм бикшову бубин ҷумла каломуллоҳро,
Оят-оят ҳамагӣ маънии Куръон адаб аст.

Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст...

❗Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Зиндагӣ олами осоиш нест,
Нафас оинаи ин асрор аст.
Баски гарм аст ҳавои гулшан,
Ғунча ин ҷо сари бедастор аст.
Шишасози нами ашке нашавӣ,
Олам аз сангдилон, кӯҳсор аст.
Хишти доғест иморатгари дил,
Хонаи ойина як девор аст.
Майкашӣ сурмаи ирфон нашавад,
Биниш аз чашми қадаҳ душвор аст.
Ҳамчу ойина, агар соф шавӣ,
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.
Гўш, гӯ, то шавад ойинаи роз,
Нолаи мо нафаси бемор аст.

АВВАЛИН ШУМОРАИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" АЗ ЧОП БАРОМАД

АВВАЛИН ШУМОРАИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" БО ШАКЛУ ОРОИШИ ҶАДИД ДАР СОЛИ 2023 АЗ ЧОП БАРОМАД 04.01.2023

АЗ САҲИФАИ ХХДТ

Ба ёд дошта бош!

Ба ёд дошта бош:

Оянда китобест, ки имрӯз менависӣ. 

Пас чизеро бинавис, ки фардо арзиши хонданро дошта бошад ва аз он лаззат бибарӣ...

 

Бознашр аз саҳифаи Хирад

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент дастур ва роҳнамои мост!

Чунин баён доштанд ҳамсуҳбати мо - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим.

Дар зер андешаи эшонро ба хонандагон пешкаш менамоем.

Холиқзода Абдураҳим - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

АДОЛАТ

Мӯйсафеди фақире аз бозор мегузашт, ки ногаҳ чашмаш ба ошхонае афтод. Наздик шуда, ба бухори деги ош нигарист ва аз ин хушаш омад.
Ногаҳон дастони ларзонашро ба ҷайбаш бурда, пораи нони шахшудаеро баровард ва каме дар бухори ош нигаҳ дошта, сипас хӯрд. Ин ҳамаро ошпаз назора мекард. Ҳангоме пирамард роҳашро хост давом диҳад, ошпаз фарёд зад:
— Ту аз бухори деги ман истифода кардӣ ва бояд пулашро пардохт намоӣ!

Страницы

Яндекс.Метрика