СУХАНОНИ ҲИКМАТАНГЕЗ АЗ МУҲАММАД ҲИҶОЗӢ

1. Ба ақл зиндагӣ кунему бо дил хуш бошем.

2. Барои фикр кардан бояд аввал дилро аз кинаю бадӣ пок кард.

3. Бинои зиндагӣ бар тақлид аст, аммо ҳунарманд бояд аз тақлид бипарҳезад.

4. Танҳо зане, ки озор намерасонад, модар аст.

5. Ақли ноқис аст, ки миёнаи дилҳоро ба ҳам мезанад.

6. Агар ақл комил шуд, дил бад-ў таслим мешавад.

7. Ҳар кас метавонад ҳар рўз худро беҳтар аз дирўз бисозад.

8. Агар бояд рашк бурд, ба касе рашк бибарем, ки хушбахт аст.

9. Ҳар ҷо ду нафар бошанд, яке ҳоким аст, дигаре маҳкум.

ҲАР КАС ҶАВҲАРИ ИЛМ АСТ, ВОЛОГАВҲАР АСТ

ДАР ВАСФИ ҲАЁТ, ЗИНДАГӢ

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Фурсати умр азиз аст, азизаш дорӣ,
Ҳар нафас гавҳари ноёб, ту арзон мафурӯш.

☆☆☆☆☆

В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
УМАРИ ХАЙЁМ

Насиҳатат кунамат бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чи носеҳи мушфиқ бигӯядат, бипазир!
САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Риояи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар тӯйи домодию арӯсӣ

Дини маънавию бостонии тоҷикон – Зардуштия

ҲАСАД АМАЛИ НЕКИ ИНСОНРО МЕХӮРАД !

Ривоят шудааст, ки Шайтон ба даргоҳи Фиръавн омад ва дарро кӯбид.
Фиръавн пурсид: Кӯбандаи дар кист?
Шайтон гуфт: Агар Худо бошӣ, пас бояд донӣ, ки пӯшти дар кист.
Фиръавн гуфт: Эй малъун, ворид шав.
Шайтон гуфт: Малъуне бар малъуне ворид мешавад, пас дохил шуд.
Фиръавн аз ӯ пурсид: Чаро бар Одам саҷда накардӣ, то аз даргоҳи Худо ронда намешудӣ ва мавриди лаънаташ қарор намегирифтӣ?
Шайтон дар ҷавоб гуфт: Чунки монанди ту дар салби Одам будам.
Фиръавн пурсид: Оё бадтар аз ману ту касе дар рӯи замин ҳаст?

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои дар мақомоти судӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои раиси суди вилояти Суғд, раиси суди шаҳри Кӯлоб, раисони судҳои ҳарбӣ дар гарнизонҳои Душанбею Хуҷанд,  раисон ва муовинҳои раиси суд ва судяҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавону варзида ва болаёқат таъин гардиданд.
 

Ватандӯстӣ омили таҳкимбахши амнияти миллӣ ва рушди ҷомеа

Қисми 3. Идома: Оё таълимоти китобҳои муқаддас барои дину диндорӣ меъёр буда метавонанд?

Страницы

Яндекс.Метрика