Биё ҳоҷӣ зи ҳаҷ рафтан ҳазар кун

Биё ҳоҷӣ зи ҳаҷ рафтан ҳазар кун,
Мазори ҳазрати дилро гузар кун.
Худо дар Макка зери сахраҳо нест,
Ҳамеша бо туву аз ту ҷудо нест.
Худоеро, ки бо ӯ мешавӣ маст,
Зи гардан ҳам ба ту наздиктар ҳаст.
Туро ин бинишу андеша танг аст,
Ки пиндорӣ, Худоят зери санг аст.
Худованде, ки Раҳмону Раҳим аст,
Маконаш дар дилу чашми ятим аст...
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Оид ба ду аломати муҳимми Конститутсия

Конститутсия инъикоси ҳастии ҳуқуқии давлат аст
Бо амри тақдир ва ҳикмати таърих тоҷикон дар замони нав ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ва тақдирсози худ – бунёди давлати мустақили миллӣ, таъмини истиқлоли давлатӣ, дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ, қабули Конститутсияи мардумӣ, таъмини соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, ки номаш дар сафҳаи таърихи башар бо хатти зарин чун Пешвои миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон сабт шуд, шарафёб шуданд.
 

ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бохирад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
 

Тоҷмаҳал - маҳалли тоҷикон

Муҳаққиқи покистонӣ мегӯяд, меъмори Тоҷмаҳал, яке аз “Ҳафт мӯъҷизаи ҷаҳон” аслан аз Хуҷанди Тоҷикистони имрӯз аст

Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷиктабори Покистон дар яке аз мусоҳибаҳояш ба сомонаи Спутник гуфтааст : Устод Аҳмад Меъмори Лоҳурӣ, сармеъмори салтанати Шоҳ Ҷаҳон, ки мақбараи Мумтоз Маҳалл, маъруф ба Тоҷмаҳал дар Аграи Ҳиндро тарроҳӣ кард, аслан аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистони имрӯз аст.

Чеҳраи нотакрор ва ҷовидонӣ

«Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ - ҳомии адабиёт ва фарҳанги миллӣ

Дар саромади маданияту фарҳанги миллии ҳар як халқи ҷаҳон ашхоси заковатманде қарор мегиранд, ки пайдоиш ва тараққии он бо номи пуршарафи онҳо зич алоқаманд аст.

Фарзанди фарзонаи барӯманди миллати тоҷик, олим, шоир, адабиётшинос, забоншинос, мунаққид Садриддин Айнӣ яке аз чунин ходимони барҷастаи фарҳанги мардуми тоҷик буда, дар кори ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ хизмати бузург анҷом додааст.

Истиқлоли зеҳнӣ - ҷузъи муҳими истиқлоли давлатӣ

Амволи мерос: тартиб ва таракаи он

Ислом барои тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсон меъёрҳоеро мавриди амал қарор додааст ва барои пайравонаш дар ҳама масъалаҳо мувозинатро тавсия кардааст. Яке аз масъалаҳои иҷтимоие, ки дар радифи аввал  қарор мегирад, масъалаи мерос дар ҳуқуқи исломӣ мебошад, зеро дар он ҳуқуқу уҳдадориҳое омадаанд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо низоми иҷтимои ҷомеаро мустаҳкам менамояд.    
 

Ҳайати Тоҷикистон дар VIII Конгресси байналмилалӣ зери унвони «Мероси ниёгони бузург - асоси эҳёи сеюм» иштирок доранд

ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 23-26 августи соли равон дар шаҳри Тошканд ва Самарқанди Узбекистон VIII Конгресси байналмилалӣ зери унвони «Мероси ниёгони бузург - асоси эҳёи сеюм» баргузор гардида истодааст, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази исломшиноӣ хабар доданд.

Страницы

Яндекс.Метрика