«КОРВАНД» – САРЧАШМАИ КУҲАНИ ПАҲЛАВӢ

Абуусмон Амр ибни Баҳр, ки бо тахаллуси Ҷоҳиз (асри IX) машҳур аст,  донишманди тирози аввали ҷаҳони ислом буда, ҳамчун адиб, ҷонваршинос, равоншинос, хушсухан (оратор), хушнавис машҳур буда, аз ҷумлаи мухолифони сарсахти ҳаракати шуубия мебошад. Ӯ бо ин вуҷуд эътироф мекунад, ки мардуми Аҷам то омадани арабҳо ва густариши ислом дар фанни фасоҳату балоғат аз мардумони дигари ҳамзамон пешгомтар будаанд. Ӯ сипас тавсия мекунад, ки «агар касе хоҳад дар фанни суханварӣ ба натиҷае расад, боястӣ китоби «Корванд»-и порсиёнро бихонад» .

 

МАҶМУАИ “НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК» МУАРРИФӢ ГАРДИД

МАҶМУАИ “НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК» МУАРРИФӢ ГАРДИД

Иштирок дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

30 ноябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таҷрибаи Зиёуддин Сардор дар шинохти дунявият

Бидуни тардид ҳар як таҷрибаи зиндагӣ ҳамзамон сабақи зиндагӣ буда, дарсе барои ояндагон маҳсуб меёбад. Инсоният танҳо баъди ба таври танқидӣ омӯхтани таҷрибаи гузаштагон ва бардошти хуб ва оқилона аз онҳо ба дастоварде ноил гардидааст. Ин ҷо чунин қонунияти фалсафа дурустии худро ба собит мерасонад,  ки ҳар чизи нав ҳамеша дар заминаи кӯҳна пайдо мегардад. Нави пайдошуда боз кӯҳна мегардаду нави дигари худро тавлид менамояд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

БА ВАТАН‼️

❗Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,
Дил барои меҳри ту, ай меҳри ман, бошад макон.
Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест,
Ҳамчу мурғе карда андар шохи меҳрат ошён.
Ту чунон маҳбубаи ошиқнавозӣ, меҳри ту
Ҷо гирифта дар дили меҳнаткаши рӯи ҷаҳон.
Шавкати дил, шодии дил, ҳастии дил бо ту аст,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо, дил ба фармонат равон.
Аз чӣ ман дилро макон дар синаи худ додаам?
З-он ки меҳри ту намуда синаи дилро макон.
Хирмани ғамҳои дилро оташи меҳри ту сӯхт,

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БО ҲАМ АЛОҚАИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАНД!

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

«Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерўи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд».

АЗ САҲИФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Страницы

Яндекс.Метрика