ҲАММАРОМИ ДИРАФШИ КОВИЁН

ҲАММАРОМИ ДИРАФШИ КОВИЁН

Парчами миллӣ - рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

Имрӯз, 24.11.2022с дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30- солагии Парчами давлатӣ, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовинон ва тамоми кормандони Марказ иштирок доштанд.

Нахуст, директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва омӯзиши ғояҳои муттаҳидкунандаи Парчами миллӣ сухан ронда иброз дошт:

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст,

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

Парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола дошта, аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ ҳастанд.

Амнияти иттилоотӣ дар замони ҷаҳонишавӣ

Дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ҷойгоҳи махсусро касб намуда, он ба омили муҳими сиёсӣ табдил ёфтааст. Ба роҳ мондани рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дар ин ё он шакл ба иттилоот пайванд мехўрад. Таъмини  амнияти иттилоотӣ барои як давлат дар заминаи таъсиси системаи технологияи иттилоотӣ дастрас гардида, танҳо дар ин сурат манфиати  умумимиллиро инъикос менамояд. 

ҲУҚУҚИ ХАЛҚУ МИЛЛАТҲО БА СУЛҲ, ҲАМКОРИҲО ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО

Ҳуқуқи халқу миллатҳо ба сулҳ, ҳамкориҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо яке аз ҳуқуқҳои дастаҷамъонаи (коллективии) инсон ба шумор рафта, баъди таъсисёбии Созмони Миллали Мутаҳид дар санадҳои ҳуқуқии қабулнамудаи ин ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳонӣ мустаҳкам гардидаанд. Дар онҳо дӯстии халқу миллатҳо, меҳру муҳаббат байни онҳо, ҳамзистии онҳо дар вазъияти осоишта, гуфтугӯи тамаддунҳо ва дигар арзишҳои умумиинсоние, ки таъминкунандаи сулҳу субот, ҳалли низову муноқишаҳо мебошанд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудаанд.

Страницы

Яндекс.Метрика