ДӮСТОН АЗ ЯКДИГАР БЕҲУДА РАНҶИДАН ЧАРО⁉️

❗Ҷониби мо дидаро во карда пӯшидан чаро,
Ошнои кардану бегона гардидан чаро?
Чархро дар нола дорад, оҳи дили хастагон,
Аз назар афтодагонро дер пурсидан чаро?
Сурмаи бегонаро дар чашми худ ҷо додаӣ,
Ин қадар аз ошноён, дур гардидан чаро?
Истимоъи сад сухан аз хор чун гул мекунӣ,
Як сухан аз андалеби хеш нашнидан чаро?
Хуфтагони хокро ёди рафиқон доғ кард,
Дӯстон аз якдигар беҳуда ранҷидан чаро!?
✍️Сайидои Насафӣ.

Аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”.

Бознашр аз Маркази матбуоти вилояти Суғд.

Иштирокчиёни Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ"

Иштирокчиёни Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ". ш. Хуҷанд. 12.11.2022.

Бознашр аз саҳифаи:
Маъмурзода Носир

ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" АЗ ЧОП БАРОМАД

ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "МАРОМИ ПОЙТАХТ" АЗ ЧОП БАРОМАД 9.11.2022, №42

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Дар маркази шаҳр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдатро ифтитоҳ намуда, бо шароити корӣ дар он шинос шуданд.

Мизи мудавввар бахшида ба 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “ Нақши Иҷлосияи XVI – ум дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ” баргузор гардид.

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ — ОҒОЗБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Эъто ба ин рӯйдоди бузург дар сарнавишти миллати тоҷик

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана мақолаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА ба АМИТ «Ховар» расид, ки манзури хонандагон гардонида мешавад.

Сарчашмаи беназири таърихиву адабӣ

Миёни осори муътабари хаттӣ, ки бо забони форсии тоҷикӣ нигошта шуда, ҷойгоҳи рафеъе дар кохи бошукӯҳи фарҳангу ҳунари ҷаҳон дорад, яке навиштаи арзишманди Атомалики Ҷувайнӣ –

муарриху андешаманди номдори тоҷик «Таърихи Ҷаҳонгӯшой» ба шумор меравад. Ба эътирофи академик Бартолд ин асар дар радифи таърихномаҳои Абулфазли Байҳақӣ ва Рашидуддини Фазлуллоҳ муҳимтарин сарчашмаи таърихии асрмиёнагӣ ба шумор меояд.

Страницы

Яндекс.Метрика