7 ПАНД аз МАВЛОНО:

7 ПАНД аз МАВЛОНО:

1. Шаб бош, дар пӯшидани хатои дигарон.
2. Замин бош, дар фурӯтаниву хоксорӣ.
3. Хуршед бош, дар меҳру дӯстӣ.
4. Кӯҳ бош, дар ҳангоми хашму ғазаб.
5. Дарё бош, дар саховатмандӣ ва ёрӣ ба дигарон.
6. Баҳр бош, дар канор омадан бо дигарон.
7. Худат бош, ҳамон гуна, ки ҳастӣ.

Бознашр аз саҳифаи "Тарбияи фарзанд"

https://t.me/tarbiyai_farzand

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - Эмомалӣ Раҳмон, Илҳом Алиев, Никол Пашинян, Александр Лукашенко, Қосим-Жомарт Токаев, Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳаммадов иштирок карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозӣ супорид

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 октябр, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуд.

«Ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти роҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Ч. Кустебаев супорида шуд»,- хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Халқи тоҷик аз аввал ҷасур, нотарс, тавоно ва бофарҳанг буд!

Халқи тоҷик аз аввал ҷасур, нотарс, тавоно, бофарҳанг, соҳибмаърифат, соҳибтамаддун, соҳибватан буд ва хоҳад монд!

07/10/2022с

Бознашр аз саҳифаи Пешвои миллат

Хостаи гӯсфанд ва гург

Аз гӯсфанде пурсиданд, ки агар ту гург будӣ чӣ кор мекардӣ?
Гӯсфанд гуфт: ман гургҳоро ба алаф хӯрдан одат медодам то дигар ба гӯсфандони бегуноҳ ҳамла накунанд.
Аз гурге ҳам пурсиданд, ки агар ту гӯсфанд будӣ чӣ кор мекардӣ?
Гуфт: ман ба гӯсфандҳо меомӯхтам, ки чӣ тавр бо ду пойи ақибашон ба сари гургҳо бизананд ва онҳоро бикушанд.

Натиҷа: зоти ҳеҷ ҳайвонеро наметавон иваз кард.

Бознашр аз саҳифаи Ҳ. Ғафурӣ

Баргардон: Ҳ.Ғафурӣ

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи шодбошӣ ирсол намуданд. Дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини маро ба муносибати ҷашни 70-солагиатон қабул фармоед!

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.

Малико, зикри Ту гӯям, ки Ту покиву Худоӣ

❗Малико, зикри Ту гӯям, ки Ту покиву Худоӣ,
Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ, ки Туам роҳ намоӣ.
Ҳама даргоҳи Ту ҷӯям, ҳама аз фазли Ту пӯям,
Ҳама тавҳиди Ту гӯям, ки ба тавҳид сазоӣ.
Ту зану ҷуфт надорӣ, Ту хӯру хуфт надорӣ,
Аҳадӣ безану ҷуфтӣ, Малики комравоӣ.
На ниёзат ба валодат, на ба фарзандат ҳоҷат,
Ту ҷалилулҷабарутӣ, Ту насирулумароӣ.
Ту ҳакимӣ, Ту азимӣ, Ту каримӣ, Ту раҳимӣ
Ту намояндаи фазлӣ, Ту сазовори саноӣ.
Барӣ аз ранҷу гудозӣ, барӣ аз дарду ниёзӣ,
Барӣ аз биму умедӣ, барӣ аз чуну чароӣ.

Страницы

Яндекс.Метрика