Барқияи шодбошӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи шодбошӣ ирсол намуданд. Дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини маро ба муносибати ҷашни 70-солагиатон қабул фармоед!

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.

Малико, зикри Ту гӯям, ки Ту покиву Худоӣ

❗Малико, зикри Ту гӯям, ки Ту покиву Худоӣ,
Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ, ки Туам роҳ намоӣ.
Ҳама даргоҳи Ту ҷӯям, ҳама аз фазли Ту пӯям,
Ҳама тавҳиди Ту гӯям, ки ба тавҳид сазоӣ.
Ту зану ҷуфт надорӣ, Ту хӯру хуфт надорӣ,
Аҳадӣ безану ҷуфтӣ, Малики комравоӣ.
На ниёзат ба валодат, на ба фарзандат ҳоҷат,
Ту ҷалилулҷабарутӣ, Ту насирулумароӣ.
Ту ҳакимӣ, Ту азимӣ, Ту каримӣ, Ту раҳимӣ
Ту намояндаи фазлӣ, Ту сазовори саноӣ.
Барӣ аз ранҷу гудозӣ, барӣ аз дарду ниёзӣ,
Барӣ аз биму умедӣ, барӣ аз чуну чароӣ.

Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае

❗Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае,
Гуфт - ё об аст, ё хок аст, ё парвонае!
Гуфтамаш аҳволи умрамро бигӯ, ин умр чист?
Гуфт - ё барқ аст, ё бод аст, ё афсонае!
Гуфтамаш инҳо, ки мебинӣ чаро дилбастаанд?
Гуфт - ё хобанд, ё мастанд, ё девонае!
Гуфтамаш аҳволи ҷонамро пас аз мурдан бигӯ,
Гуфт - ё боғ аст, ё нор аст, ё вайронае!
✍️Абӯсаиди Абулхайр.

Бознашр аз саҳифаи Марвориди форсӣ - тоҷикӣ

Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон

Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон

Дар маросим ҳамчунин намоиши аксҳо ва мусаввараҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ баргузор гашта, меҳмонони Рӯзҳои фарҳангӣ бо меваҷот ва шириниҳои тоҷикӣ пазироӣ карда шуданд.

Бознашр аз саҳифаи радиои
Овози Тоҷик
Тафсилот дар суроғаи https://vot.tj/tj/?p=14938

Агар аз хишти тилло қаср созӣ...

Агар аз хишти тилло қаср созӣ,
В-агар аз санги Хоро шаҳр созӣ.
Наёбӣ дар ҷаҳон як зарра файзе,
Агар Модар набошад аз ту розӣ.
Агар сад рӯзаву имон дорӣ,
Агар чун саллаи шоҳон дорӣ.
Қабулаш нест Ҳаҷҷи Акбари ту,
Агар Модар набошад аз ту розӣ.
Агар ту дар замонат шоҳ бошӣ,
Ва ё ки ҳамчун мисли моҳ бошӣ.
Наёбӣ ҳурмате дар байни мардум,
Агар Модар набошад аз ту розӣ.

Бознашр аз саҳифаи Хазинаи маърифат

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ овардааст:

“Муҳтарам ҷаноби Президент, дӯсти деринаи азиз!

Иҷозат фармоед, ба муносибати 70-солагиатон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро арз намоям.

Таҳти роҳбарии Шумо, ҷаноби Президент, Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт ва дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Ба сифати ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ Чин аз ин сидқан хушҳол аст.

Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!Бародари азиз!
Ман аз самими қалб хеле шодам, ки ба Ҷаноби Олӣ ба муносибати 70-солагии зодрӯзашон табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринамро мерасонам.

Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди барҷастаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ мешиносем, ки ба хотири сулҳу шукуфоии кишваратон бо матонати бузург фаъолият менамоед.

Страницы

Яндекс.Метрика