Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Русия манъ кард!

14 сентябр Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Русия манъ кард.

Панди рӯз

Муборизаро бояд тавре шурӯъ намоем, ки ғайр аз сулҳ чизи дигарро наҷӯем.

СИТСЕРОН

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд.

Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд байни ду кишвар сурат гирифта буд. Роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буданд.

Шумо фаромӯш накунед, ки Тоҷик ҳастед!

❗Шумо фаромӯш накунед, ки Тоҷик ҳастед, обрӯву эътибори халқатонро ҳам дар одоби муомилаву муошират ва ҳам дар кӯшишу ғайрат дар ҷодаи илм ҳифз намоед, агар баланд бардошта натавонед, ақаллан риоя кунед ва паст назанед; ба баъзе намояндагони халқҳои дигар, ки дороянд, дар бозору тиҷорати Маскав мавқеъ доранд, ба аспирантура аз рӯи ҳавою ҳавас дохил мешаванду ин мӯҳлатро хуш мегузаронанд, тақлид ва таассуб накунед, омӯзед, вақтро беҳуда нагузаронед, танҳо ба меҳнат ва дониши худ такя кунед!
✍️Бобоҷон Ғафуров.

Кумаки навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Тавре ба ҳамватанонамон маълум аст, дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанд рӯз пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардиданд.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд.

Тахриби масҷид дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузург аст!

Яке аз маконҳои муқаддас ва муҳим дар дини ислом масҷид аст. Масҷид ба унвони хонаи Худо на танҳо аз мартабаи хосе бархурдор аст, балки аз ҳайси сиёсӣ низ бисёр мавриди таваҷҷӯҳ аст. Ба тавре, ки дар аввалҳои пайдоиши дини мубини ислом маркази муҳими гирифтани тасмимҳои муҳиме будааст. 

Ҷуз аҳдшикан туро чи гўянд?

Аз ҳодисаҳои рўзҳои ахир, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадааст, тибқи маълумотҳо аён мегардад, ки роҳбарияти ҷумҳурии ҳамҷавори мо Қирғизистон на танҳо ба аҳдшикании ошкоро даст задаанд, балки вазъи аҳолии наздисарҳадиро мураккаб сохта, дар расонаҳои хабарӣмаълумотҳои бардурўғва туҳматангезро интишор карда, дар тухми нифоқкоштану кинаю адоват андохтан дар дили ду ҷамъият асос гардидаанд.
 

Зинда бод сулҳу дўстии халқҳо ва миллатҳо!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Страницы

Яндекс.Метрика