‼️ҶОН АЗ ОН ЛАБҲО ҲИКОЯТ МЕКУНАД‼️

❗Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад,
Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад.
Ҳар кӣ мегӯяд ҳадиси салсабил,
3-он лаби нӯшин киноят мекунад.
Аз рақибон мекунад паҳлӯ тиҳӣ,
Ҷониби моро риоят мекунад.
Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо,
Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад.
Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст,
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»,
3-он лаби ҳамчун шакар монда ҷудо,
«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».
Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ,
Ғамзае ӯро кифоят мекунад!
А.Ҷомӣ
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Ҷавонони азиз, аз тоҷик буданатон ифтихор кунед!

Тарс ин худ монеа дар пешрафт ва манбаи нобудист. Ҳарос дар дил чун гомест ба сӯи торикӣ. Пас бе тарсу ҳарос ба зиндагии осоиштаву ободона бипардозед, аз илмҳои замон бархӯрдор шавед, кӯшиш кунед, ки ба замона ҳамқадам бошед. Давлат ва ҳукумат чун соя ҳамрадиф бо Шумост ва ҳар лаҳза омодааст то ба Шумо дасти ёрӣ дароз намояд. Ҷангӣ шаҳрвандӣ моро ба даҳсолаҳо ақиб партофт. Аз ин сабаб мо бояд беш аз пеш талош варзем, обод кунем ва бунёд кунем.

МАНУ МО СИПАРИ ТОҶИКИСТОНЕМ. БО ВАТАН, БО ХАЛҚИ ХУД, БО САРВАРИ МЕҲАНПАРАСТ!

Ба андешаи мо, инсоният ва сайёраи Замин тули мавҷудият ва ҳастии худ ҳаргиз ба чунин вартаи муҳлик, хатарбору хатарзо, номуайяну баённопазир ва пешгӯинашаванда рӯбарӯ наомада буд. Мудҳиш он аст, ки ин таҳдид ва хатарҳо бар сари инсоният баякборагӣ аз чор сӯ чу бодҳои нобаҳангом қасди вазидан доранд.

РОҒУН - РАМЗИ ИТТИҲОД

Сиёсатмадори маъруфи рус, нависанда, публисист ва журналист Александр Проханов, ки аз майдони сохтмони НБО Роғун дидан карда, пас аз бозгашт ба Москва дар рӯзномаи «Завтра» таҳти унвони «Парвози Роғун» («Рогунский взлет») мақола нашр намудааст. Публитсисти машҳур Александр Проханов дар мақолаи худ НБО-и Роғунро самари ниятҳои бузург ва қувваи бузурги ҳаётбахш номида, аҳамияти онро махсусан такд намудааст. Аз ҷумла, ӯ навиштааст, ки «НБО - и «Роғун» касро бо зебоӣ ва мураккабиаш тасхир мекунад. Ҳазорҳо коргар бо меҳнати шабонарӯзӣ ин зебоӣ ва тавоноиро бунёд мекунанд.

"Ишқи мо дар чист?

Ишқи мо дар пул, мошин ва хонакардан аст. Меҳру муҳаббати инсонӣ нест, акаву додарӣ апаву хоҳарӣ паст шуда истодаст, ҳатто фарзанди падарӣ ҳам коста шуда истодаст. Дил кушод шудан даркор. Як бурида нони қоқ бошад, оби хунук ва чеҳраи кушод доштан лозим аст".

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода унвони профессорӣ супорида шуд

Имрӯз (15.08.2022) дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба олими шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода унвони профессорӣ супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки унвон аз ҷониби ВАК-и Россия эъто шудааст, ки онро Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба мавсуф супориданд.

ПИРӮЗИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР МАЛАЙЗИЯ!!!

Хонандаи тоҷик - Шаҳром Аминов аз филиали Муассисаи таълимии хусусии тоҷикӣ-русии "Ҳотам ва ПВ" дар шаҳри Ҳисор дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии "IOI 2022" аз фанни технологияи иттилоотӣ дар байни 357 хонанда аз 90 кишвари дунё сазовори ҷойи сеюм гашт.

Боиси тазаккур аст, ки хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи бонуфузи мазкур аз соли 2007 мунтазам иштирок намуда, парчами Тоҷикистони азизамонро баланд мебардоранд.

Пирӯзии навбатии илму маорифи тоҷик ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад!!!

Ифтитоҳи бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд

12 август Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.

Страницы

Яндекс.Метрика