Аз таърихи ҳамзистии адёну мазоҳиб дар Осиёи Марказӣ

Ҷаҳони ноороми имрӯза ва равандҳои хатарзое чун ифротгароиву терроризм башариятро беш аз ҳар вақти дигар ба андешаву тааммул водор сохтааст. Зеро агар ба ин дардҳои ҷомеа ва равнадҳои носолиму сӯзанда даво бахшида нашавад, метавонад дар дарозмуддат тамоми тамаддуни ҷаҳониро нобуд созад. Бесабаб нест, ки ҳар рӯз дар гӯшаву канори олам садҳо конференсияву ҳамоиш ва мизи гирду вохурӣ барпо мешавад, ки ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо ҷустани роҳи наҷот ва сомон бахшидан ба рӯзгори ошуфтаи аҳли ҷаҳон аст.

Истиқлол ва ҳикмати давлатдорӣ (Ба сиюмин солгарди давлатдории навини тоҷикон)

Қисми I.

 Шукри неъмат неъматат афзун кунад, 

 Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Мавлонои Балхӣ

 

Фарҳанги таҳаммулпазирӣ

Дар шароити авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутунд гардидани бархӯрди арзишҳо, махсусан арзишҳои дунявию динии бунёдгаро мақом ва нақши фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ниҳоят бузург арзёбӣ мегардад. Ногузирии ҳамзистии фарҳангҳои гуногун ва зарурати пешбурди ҳаёт инсонро водор  сохтааст, ки роҳи созишу муросо ва сабру таҳаммулро коркард намояд ва ба зиндагӣ бо нигоҳи нав – некбинонаю хайрхоҳона назар кунад.  

ТАБРИКНОМА

31 август бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои фалсафа, сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири  муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон НУРУЛҲАҚ ҚАМАР бо медали фахрии «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.
Устоди гиромиро ба муносибати сарфароз гардиданашон ба ин мукофоти давлатӣ табрик намуда, ба эшон сарбаландӣ, муваффақият ва фатҳи қуллаҳои баландро дар соҳаи илм ва хизмати давлатӣ таманно дорем.
Бо эҳтиром, коллективи муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгузориш аз иштироки котиби илмии Марказ Марамбеков М. дар конфренсияи илмӣ-амалии вилояти Хатлон таҳти унвони "Нақши Пешвои миллат дар танзими расму ойинҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд"

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди дурандешона ва дӯстона аст!

Сухани муассиси ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр, ки соли 2003 аз тарафи ШМА террорист эълон шуда, ба «рӯйхати сиёҳ»-и СММ ворид карда шудааст,  ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтори як шахси аз сиёсат, аз фарҳанги таҳаммулпазирӣ, аз оини миллатдӯстию инсондӯстӣ қафомондаро мемонад. Ӯ дар воқеъ намедонад, ки эҳсоси миллатдӯстӣ дар сиришти ҳар як шахси меҳанпараст нуҳуфта асту маҳз ҳамин эҳсос сабабгори эҳтироми дигар қавму миллатҳо маҳсуб меёбад. Зеро шахсе, ки миллати худро дӯст медорад, вай ба дигар қавму миллатҳо низ арҷ мегузорад.

БАРГУ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ...

Китоб чун сарвати бебаҳои ҳар як халқу миллат, воситаи асосӣ барои таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш ба ҳисоб рафта, василаи асосию беҳтарин барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият мебошад.Чӣ тавре ки аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст.

«НИШАСТААМ ВА МУНТАЗИРАМ, КИ КАЙ ОНҲО МЕОЯНДУ МАРО МЕКУШАНД»: ВАЗЪИ ЯК ҶАВОНЗАНИ ФАЪОЛИ АФҒОН ДАР СУЛТАИ ТОЛИБОН

Зарифа Ғаффорӣ дар Кобул дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ таваллуд шуда, бо воя расидааст. Айёми кӯдакии вай дар охири солҳои   1990 замоне  сипарӣ шудааст, ки дар кишвар толибон ҳукм меронданд.Тибқи қонкунҳои динии он замон, зан  ҳатман бояд бо   фаранҷӣ ва ба кӯча мебаромад ва  ҳатман ӯро як хеши наздику маҳрам ҳамроҳӣ мекард. Барои он ки занҳоро аз кӯча набинанд, тирезаҳои ошёнаҳои якуму дуввуми биноҳои истиқоматиро  ранги сиёҳ мекарданд, ё бо пардаҳои ғафс мепӯшониданд.  Чунин вазъи сангин барои рушд намудани ҳар  гуна бемориҳои рӯҳӣ ва тамоюли худкушӣ дар байни занон сабаб мешуд.

Страницы

Яндекс.Метрика