Масоили фалсафӣ дар таълимоти сӯфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳри асрҳои Х-ХII

Омӯзиши ақидаҳои онтологӣ, этикӣ, эстетикӣ, иҷтимоию сиёсии мутафаккирони машҳур, инчунин мактабҳои алҳидаи тасаввуф дар алоқамандии якдигар, бо дарназардошти вазъи таърихию идеологӣ ва фарҳангӣ, барои ба вуҷуд овардани тасвири таърихи фалсафаи халқи тоҷик чун қисми муҳими сохтори фарҳанги маънавии Шарқи асримиёнагӣ метавонад мусоидат намояд.

Аз ин ҷиҳат тадқиқоти масоили фалсафии тасаввуфи Хуросону Мовароуннаҳр бағоят самарабахш ва муфид метавонад гардад.

Ваҳдати Миллӣ – омили рушди ҷомеаи Тоҷикистон

Қисми II

Домуллоҳои суннатӣ чаро хомӯшанд?

Огоҳӣ бо чанд  байти яке аз домуллоҳои шинохтаи кишвар, ки ҳоло дар ќайди ҳаёт нестанд, ин ҷонибро ба андешаи амиќ водор намуданд ва барои рӯи коғаз овардани сатрҳои зерин сабаб гардиданд.  Пеш аз ҳама зарур ҳисобида мешавад, ки худи байтҳои домулло бидуни зикри номи ӯ оварда шаванд, зеро бузургон гуфтаанд:

Мангар, ки кӣ мегӯяд,

Бингар, ки чӣ мегӯяд.

Инак, байтҳои домулло:

           Гуфта он Абдулваҳҳоби тирадил,

           Баҳрае нобурда ҷуз обу гил.

           «Бар фарози Арш биншинад Худо

Ҳикояти пандомез аз “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус

Шунидам, ки ба рӯзгори Соҳиб пире буд ба Зангон фақеҳу мӯҳташам аз асҳоби шофеъӣ, муфтиву музаккир ва музаккии Зангон буд. Ва ҷавоне буд алавӣ (авлоди Пайёмбар), писари раиси Зангон, ҳамчунин фақеҳу музаккир буд. Ва пайваста ин ҳар ду бо якдигар дар мукошафат буданд. Бар сари минбар якдигаро таънаҳо задандӣ 

Ин алавӣ рӯзе бар сари минбар ин пирро кофир хонд. Хабар бад- он шайх бурданд Вай низ бар сари минбар алавиро ҳаромзода хонд Хабар ба алавӣ бурданд.Сахт аз ҷой бишуд. Дар ҳол бархост ва ба шаҳри Рай ва пеши Соҳиб аз он пир гила кард ва бигиристу гуфт: 

Шеъри Имом Бухорӣ

Агарчӣ Имом Бухорӣ дар адабиёти динӣ ва илмӣ ҳамчун муҳаддис ва муфассир машҳур гаштааст, фасоҳати каломи ӯро дар назм низ мушоҳида кардан мумкин аст, вале назми сурудаи ӯ камтар боқӣ мондааст. Имом Зоҳир мегӯяд, Имом Бухорӣ дорои ашъоре буда, мутаассифона баъзе аз ашъори ӯ сабт нагардида ва ё аз байн рафтааст. Ӯ ба сурудани шеър қодир буда, вале аз сурудани он  худдорӣ намудааст, ӯ шогирди муваффақи мадрасаи набавӣ буда, аҳодиси шарифи он ҳазратро дар арсаи гуфтор, кирдор ва сулук шиори рафтори худ қарор додааст. 

ХАТАРҲОИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ

Дастрасӣ ба технологияи муосир дар ҷомеаи муосир муносибатњои гуногуннавъро тавлид сохта, пайваста барои рушди соҳаҳои нав ба нави муносиботи љамъиятии одамон замина омода карда истодааст. Дар самти мазкур, махсусан  фазои маҷозиро метавон яке аз дастовардҳои беҳтарини инсоният дар тӯли таърих шуморид. Ќисмати зиёди мардум имрӯзҳо маълумот ва хабари зарурии худро аз он дарёфт мекунанд. Ташакули фазои маҷозӣ дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсоният дигаргнуниҳои ҷиддиеро ба вуҷуд овард ва ВАО-ро дар як чиз, яъне интернет ҷамъ овард ва интернет фазои иттилоотии биноӣ, шунавоӣ ва хонданӣ гашт.

Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

ҚИСМИ IV

Абусаид Абулхайри Меҳнаӣ

Абусаид Абулхайр дар Меҳна, деҳаи бузурге дар атрофи Марв 7 декабри соли 967 таваллуд шуда,12 январи соли 1049 дар ҳамон ҷо вафот кардааст.

Ислоҳи нафс дар мисоли Аждаҳои хуфта

     Ислоҳи нафс дар мисоли Аждаҳои хуфта

Моргир барои гирифтани мор роҳии кӯҳсорон шуд. Пас аз паймудани роҳе тӯлонӣ ба аждаҳои бузург бархӯрд, ки дар миёни барфҳо мурда менамуд:

               Ӯ ҳамеҷустӣ яке мори шигарф,

               Гирди кӯҳистон дар айёми барф.

               Аждаҳое мурда дид он ҷо азим,

               Ки дилаш аз шакли ӯ шуд пур зи бим.

Страницы

Яндекс.Метрика