Масъалаи «Итоати ҳар амири одил ва ҷобир ва султон фарз аст» дар рисолаи "Саводу-л-аъзам"-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ

Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад Исмоил ибни Иброҳим ибни Зайд ал-Ҳаким ас-Самарқандӣ (ваф. 953м.) фақеҳи машҳури садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ мебошад, ки осору таълимоташ барои ташаккули мактаби эътиқодии ва фиқҳии ҳанафӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон таъсири амиқ гузоштааст. Ҳаким ас-Самарқандӣ дар замони Сомониён умр ба сар бурдааст. Дар ин давра  бо хидояти амир Исмоили Сомони (хукм. солхои 892-907) ӯ рисолае ба унвони "Саводу-л-аъзам", ки дар ағлаби сарчашмаҳо таҳти унвони "Рисола дар ахкоми фиқҳи ханафӣ" низ ном бурда шудааст, таълиф намуд.

Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

Қисми II

Ҳаким Тирмизӣ

Муҳаммад ибни Алӣ Ҳаким Тирмизӣ асосгузори силсилаи «ҳакимия»-и тасаввуф мебошад, ки дар тасаввуфи хуросонӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст, ки Ҳаким Тирмизӣ аз зумраи кибори машоих ва суфиёне мебошад, ки бо арбобони бузурги тасаввуф, ба мисли Абу Тӯроби Нахшабӣ, Аҳмад Хизрия, Ибн Ҷило сӯҳбат намудааст.

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ФАЗОИ МАҶОЗӢ: ИМКОНИЯТ ВА ТАҲДИДҲО БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ"

Рӯзи 8 июни соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи гирд дар мавзӯи "Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд. 

Оқибати даҳшатборӣ тамошои филмҳои бегона

Имрӯзҳо дар баробари кибертерроризм хатари дигаре ҷомеаи фарҳангии тоҷикро таҳдид мекунад, ин хатар паҳни синамоҳои беохири туркӣ мебошад. Масъулини соҳа холигиҳои фазоро аз ҳисоби филмҳои бегона пур мекунанд. Дуруст аст, ки санъат худиву бегонагӣ надорад, чизи хуб ҳамеша тамошобин дорад. Аммо набояд зарарҳои санъатҳои бегонаро ба факрҳанги худӣ нодида гирифт. Ин дар ҳолест, ки чанд муддат пеш бо пешниҳоди “Тоҷикфилм” тамошо ва паҳни филмҳои “Ҳомиён”, “Водии гургон” “Хаёлҳои сабз” ва ғайраҳо мамнӯъ эълон шуданд.

Аҳамияти издивоҷ дар ислом

Аз дидгоҳи ислом, моҳияти издивоҷ як қарордод ва паймон бо шароити вижа аст. Ин паймон ва қарордод афзун бар ин ки аз истиҳкоми хос бархурдор аст, дорои як арзиш ва манзалати илоҳӣ мебошад ва дар сатҳи дигар қарордодҳои иҷтимоӣ қарор намегирад то сарфан аз қавоиди умумӣ он қарордҳо пайравӣ кунад. Шояд битавон гуфт: қавитарин паймон ва муқаддастарин қарордод аст ки одами бо эътимод комил рози мешавад бо фарде ки шинохти зиёде аз вай надорад, ҳампаймон шавад ва ҳамаи дороии худро бо ӯ ба мушорикат гузорад.

Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

Имрӯз дар ҷаҳони Ислом як қатор ҳаракатҳои ифротгароии дар заминаи эътиқоди динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади пиёда сохтани манофеи геосиёсӣ ва геоиқтисодиашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, интиқол ёфтаанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои сиёсӣ-динӣ ҳаракати салафияи ифротӣ мебошад, ки дар зери шиори «исломи ноб» баромад карда, мехоҳад мувозинати динию мазҳабӣ, идеологӣ, вазъи сиёсӣ ва суботу амнияти ҷомеаро ба манфиати қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ вайрон созад.

Дин ва хурофот:умумият ва тафовут

Мавзӯи дин ва хурофот аз ҷумлаи мавзӯъҳои пурбаҳс ва гуногунҷанба дар фазои динии ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Аз тарафи намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа доир ба ин ду падидаи  моҳиятан як ва зоҳиран мухталиф андешаҳои баҳснок ва аксаран дур аз талаботи илмӣ  иброз мегарданд. Яъне, то ба имрӯз доир ба хурофот андешаи ҳам аз лиҳози мантиқӣ ва ҳам аз нигоҳи илмӣ асоснок ва ягона ҳатто аз тарафи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ баён нагардидааст.

Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани сӯҳбат бо сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Норак

Нурулҳақов Қамар  - мудири шуъбаи исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Норак ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ вохӯриҳо доир намуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика