Модар қиматтарин неъмати дунёст

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзиву бедорхобӣ ва бурдбории ў танҳо ба худаш хос аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Фарзанд дар канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасаду аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзад. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти инсонаст. Ба зери болини кўдакӣ гузоштани китоб ё муқаддами дигар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тилфаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад.

Мушкилоти олами исломро ёфтанд, аммо роҳи ҳалашро не!

Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Ихвон-ул-муслимин», ки аз тарафи Ҳасани Бано таъсис ёфтааст, дар тамоми ҷаҳон бо аъмоли террористӣ ва ташкили бетартибиҳои оммавию роҳандозии сӯиқасдҳо бар ҷони сарварон маъруф гардидааст. Ногуфта намонад, ки ТЭТ ҲНИ низ, ки бо аъмоли ҳам харобкорона ва ҳам хиёнаткоронааш дар Тоҷикистон мавриди нафрати аҳли ҷомеа гардидааст, дастпарвари бевоситаи  ташкилоти экстремистӣ-терористии «Ихвону-л-муслимин» маҳсуб меёбад. 

Особенности религиозной ситуации в странах Центральной Азии

Центральная Азия c ее огромной территорией и природными ресурсами является одним из тех регионов мира, где борьба за владение этими богатствами исторически сопровождалась, вооруженной борьбой. Инструментом войны служило абсолютно всё. Особенно проповеди религии, которые, как правило, всегда сопровождали нашествия и войны в регионе. Завоевание арабами Средней Азии  принесло в регион  новую религию-Ислам, который стал играть важную роль в дальнейшем развитии культуры и быта народов, проживающих в этом регионе.

Иштироки кормандони Марказ дар "Дави миллӣ"

Кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар "Дави миллӣ" (16.05.21) иштирок намуданд.

Соҳибкорӣ ва тиҷорат аз нигоҳи ислом

Соҳибкорӣ ва тиҷорат аз нигоҳи ислом

Аксарияти мутлақи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони дини  ислом мебошанд, аз ин рӯ,  онҳо зимни фаъолияти меҳнативу иҷтимоии худ, дар кадом соҳае, ки набошад, дар баробари риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ кӯшиш мекунанд, ки меъёрҳои анъанавии ҳуқуқӣ-динӣ ва  ахлоқиро низ риоя ва эҳтиром намоянд. Қисми бештари  касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки дар замони Истиқлолият дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон татбиқ шуда истодаанд, аз таълимоти сарчашмаҳои исломӣ маншаъ гирифтаанд. 

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

12.05.2021, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд.

ИСРОФКОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

Исроф - калимаи арабӣ буда, дар луғат ба маънои сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ва бемаъние омадааст, ки мардум ба хотири зоҳирпарастӣ ё худнамоӣ анҷом медиҳанд. Хушбахтона, баъд аз қабул ва дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муносибати мардум бо анъанаву маросим низ ба таври мусбат тағйир ва танзим ёфта, дар ин замина барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани исрофкориву зиёдаравӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Таносуби арзишҳои дунявӣ ва динӣ

Дар ҷомеаи имрӯза  дар шароити бархӯрд ва рақобати гоҳ ошкору гоҳ пинҳонии  фарҳангу арзишҳои мухталиф масъалаи муайян намудани таносуби арзишҳои дунявӣ ва динӣ шомили аҳамияти бузурги ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ мебошад. Аҳамияти назариявии масъала дар он ифода меёбад, ки он ба зеҳни хонанда далоили ақлию мантиқиро пешниҳод намуда, дар интихоби мавқеи дуруст ва барои ӯ ва ҳам ҷомеаи ӯ кӯмаки муфид менамояд.

Страницы

Яндекс.Метрика