Воқеияти рӯзадорӣ

Бо фарорасии моҳи Рамазон мардуми мусулмон аксаран чун анъана, аз моҳияти он қисман огоҳона ва қисман ноогоҳона рӯза медоранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди рӯзагирандагон чун риояи анъанаи бобоён ва мероси динии гузаштаҳо даст ба рӯзагирӣ мезананд ва аксаран дар бораи он на дониши динӣ доранд ва на дониши илмӣ.  Моҳияти нигоҳи динӣ дар Қуръон дар оятҳои 183-187 аз сураи Бақара равшан баён ёфтааст.

МУХТАСАР ДАР БОРАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИСЛОМӢ ВА УЗВИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОН

Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ)  –  ин созмони байналмилалие мебошад, ки дар Конфренсияи сарони давлатҳои исломӣ соли 1969 дар шаҳри Работ (Марокаш) бо номи Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) бо мақсади таъмини якдилии исломӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, мубориза алайҳи истеъмор, истеъмори ҷадид ва нажодпарастӣ, пуштибонӣ аз Созмони озодибахши Фаластин таъсис дода шудааст. Дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона 28 июни соли 2011 дар 38-умин иҷлосияи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конференсияи Исломӣ номи ин созмон ба Созмони Ҳамкории Исломӣ табдил дода шуд.

ДУ СУРУДА АЗ ДУ ОРИФИ БУЗУРГ ДАР СИТОИШИ ИМОМ АБУ ҲАНИФА (ИМОМИ АЪЗАМ)

Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Зуто ибни Марзбон (699-767м./80-150ҳ.қ.) фақеҳ ва мутакаллими номдори Кӯфа ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ яке аз чаҳор мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат аст, ки асли ҷадди ӯ аз Хуросон ва ё Мовароуннаҳр буд.  Аҳли суннат ӯро «Имоми Аъзам» ва «Сироҷу-л-аима» лақаб додаанд ва пайравони ӯро ҳанафӣ меноманд. Дар ҷаҳони ислом мазҳаби ҳанафия яке аз бузургтарин мазҳабҳои аҳли суннат ба шумор меравад ва қариб дар тамоми манотиқи дунё пайравони онро дидан мумкин аст.

Марги олим - марги олам

Ин субҳ яке аз донишмандони  ислом ва  аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои тоҷик Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ҷасади ӯро имрӯз, 14-уми апрел дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супориданд.

Тақвими моҳи шарифи Рамазон1

Мақдисӣ ва Абӯҳанифа

Дар миёни осори ҷуғрофии исломӣ асари Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абубакри Мақдисӣ бо номи «Аҳсану-т-тақосим фи маърифати-л ақолим» ҷойгоҳи вижа дорад. Ў бештари қаламрави хилофатро дар поёни қарни Х дарнавардида, ҷуғрофия ва ахлоқу одоти ақвому миллали мухталифро тасвир кардааст. Мақдисӣ перомуни дарёву кўҳу роҳу дашту саҳро ва иқлими манотиқи гуногун маълумот дода, зимни тасвири нуқоти ҷуғрофӣ фаъолиятҳои ҳирфаӣ, авзои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва мазҳабии мардумони ин ё он сарзаминро баён кардааст.

Моҳияти моҳи шарифи рамазон

Моҳи мубораки Рамазон аз ҷумлаи он раҳматҳое беҳамтои Худованд барои мусулмонон аст, ки баҳрагирии ахлоқӣ - маънавӣ аз он  ба шинохти моҳияти аслӣ ва риояи  аҳкоми  он вобаста аст. Зеро барои дарки моҳияти он  назар  ба Қуръони карим, ки худ дар ҳамин моҳ нозил шудааст ва ҳам васфи онро кардааст, амри зарурист. Зеро аксарияти мардум рӯза доштанро танҳо дар гуруснанишинӣ мебинанду халос, дар ҳоле, ки Худованд  дар Қуръони каримаш беморон, мусофирон ва афроди нотавонро аз рӯза доштан  манъ кардааст ва риояи ин амр аз нигоҳи динӣ ҳатмист.

ИМОМ БУХОРӢ ВА “АЛ-ҶОМЕУ-С-САҲЕҲ”-И Ӯ

Тахаллус ва номи пурраи ин олими бузург, тибқи ахбори дар сарчашмаҳо омада, - Имоми муҳаддиссин, Қудвату- л-ҳуффоз ва-л муҳаққиқин, мустанаду-л-мутақаддимин ва-л мутааххирин, Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Муғира ибни Бардозбеҳи Бухорӣ аст. Эшон 13-уми шавволи соли 194 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо  24 июли соли 810-и милодӣ) дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Бузургвор дар муҳити солими иҷтимоӣ таълиму тарбия ёфта, ба камол расидааст.

Страницы

Яндекс.Метрика