Костагии диндорӣ

 

Нигоҳе ба эътиқоду суннатҳои қадимаи динӣ-сиёсии эронитаборон ва инъикоси онҳо дар фарҳанги исломӣ

Тибқи яке аз боварҳои анъанавию суннатии зардуштӣ, ки дини мардуми эронитабор дар даврони қабл аз ислом буд, адли илоҳӣ тавассути шоҳоне, ки аз баракати фарри эзадӣ бархӯрдор ҳастанд, дар ҷаҳон татбиқ мегардад. Чунин боварӣ дар бораи нақши ҳокимон дар татбиқи адли илоҳӣ минбаъд дар таълимоти динҳои дигар, аз ҷумла насрония ва ислом низ, дар шакли гуногун ифода ёфтааст.

Зарурати таблиғи улуми дунявӣ

Мусаллам аст, ки сабабгори асосии қафомонии кишварҳои мусулмоннишин дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳз дар ҳошия қарор додани илму донишҳои дунявӣ маҳсуб меёбад. Мутаассифона, дар фазои маънавии кишвари мо дар муддати тӯлонии ҳукмронии комили дин ва арзишҳои динӣ (аз пайдоиши ислом то инқилоби Октябр) фарзияти таълими донишҳои динии ба дарди ҷомеа нахӯранда дар мафкураи мардуми мусулмон то андозае ҷо гирифт, ки онро на танҳо низоми илммеҳвари шӯравӣ, балки зарурати фазои илмии имрӯза эҷоднамуда низ зудуда натавониста истодааст.

“Ихвону-л-муслимин” ва моҳияти иртиҷоии он

“Ихвону-л-муслимин” (минбаъд “Бародарони мусалмон”) созмони динӣ-сиёсиест, ки соли 1928 дар Миср аз ҷониби муаллим Ҳасан ал-Банно таъсис ёфтааст. “Бародарони мусалмон” як равияи идеологии навъи нав дар ислом буда, дар баъзе сарчашмаҳои илмӣ ҳамчун “парастиши динии нав” ва “бунёдгароии исломӣ” шинохта мешавад. Сарчашмаи ақидавии онро асосан идеяҳои панисломистӣ (исломгароӣ) ташкил медиҳанд. Вале ақидаҳои панисломистӣ дар идеология ва амалияи “Бародарони мусалмон” хусусияти ифротӣ касб намудаанд, ба хусус андешаи панисломистӣ доир ба таъсиси хилофат.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Давлатзода М.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Давлатзода Муродулло Исмат директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 январи соли 2020
№1427

«МАҚОМ ВА НАҚШИ ИСЛОМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», ҚИСМАТИ 4

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва дастуру супо-ришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмати чаҳоруми ҷамъбастии маҷмӯаи мақолаҳоро зери унвони “Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз чоп баровард.

НАҚШИ ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ ДАР МАҲАЛҲО

 
Бунёди фазои солими иттилоотӣ, эҳтироми фарҳанги миллӣ ва арзишҳои динӣ, ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ба ин васила беҳтар наму­дани сармояи инсонӣ ва некӯаҳволии мардум дар қаламрави ҷумҳурӣ ба мавқеи шаҳрвандӣ ва ҷасорати сиёсӣ-иҷтимоии ҳар як фарди ҷомеа пай­ван­ди ногусастанӣ дорад. Дар ин росто, таъсирнокии фаъолони бахшу соҳаҳои гуногун дар маҳалҳо дорои аҳамияти фавқулода аст, зеро пиёда намудани сиёсати давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ маҳз дар ҳамкории ниҳодҳои дахлдор бо мардум татбиқи амалӣ пайдо мекунад.

БОЗТОБИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ.

 

Страницы

Яндекс.Метрика