27.06.2018, шаҳри Конибодом
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом!
Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем.
Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям.