ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶТ МУБОРАК !

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи фархунда ва фараҳбахш тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, рӯзгори хушу хуррам, хонаободӣ, офияти рӯзгор, тансиҳатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ пирўзиҳои ҳамешагиро таманно менамояд.

Идатон муборак, дӯстони азиз!

Роҳбарияти
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ»

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, №2011 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, моддаи 8 (прим 1) бо чунин мазмун илова карда шудааст:

«Моддаи 8 (прим 1) . Санҷиши ҳолати риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ

Дурнамои илм ва маориф дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023, ш. Душанбе)

Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

8 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Акс: аз бойгонӣ

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2024 №2
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Насредин Исматулло

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Насредин Исматулло муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2024 №3
ш. Душанбе

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Насредин Исматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш озод карда шавад.

Аз саҳифаи Паёми Душанбе

ОЛИҲАИ ХИРАД

Дар хуҷастамилоди
Раҳмон Озодаи Эмомалӣ

Миллати озодаро
Озодае бошад, ки ӯ
Дастгоҳи Давлати
Тоҷикро гашт обрӯ.
Дар сиёсат,
дар хирад, дар фазл,
дар фарҳангу кор
Ҳар зани олам кунад
ҳамтоияшро орзу.

Хайриддини Хайрандеш

Паём – илҳомбахши иқдомҳои нав

Бидуни шак Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ хеле муассир ва илҳомбахш буд.  Новобаста аз он, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар соли сипаригашта дар буҳрони азими иқтисодию сиёсӣ қарор дошт, мардуми шарафманди кишвар дар зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи сарвари худ ба дастовардҳои хеле назаррас соҳиб шуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика