Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Самити муштараки изтирории сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ

Имрӯзҳо дар аксари сомонаҳои гуногуни интернетӣ вобаста ба ҷанги Давлати Исроил ва Давлати Фаластин ҳар гуна навиштаю нигоштаҳо, аксу видио тасвирҳо дарҷ шуда ва ба маърази бинандагон ва хонандагон вогузошта шудааст. Қисмате аз бинандагон ва хонандагони ин расонаҳо ба мақсаду ҳадафҳои асосии ин ҷанг сарфаҳм нарафта ва ё баҳогузории дуруст карда натавониста, ба эҳсосот роҳ медиҳанд ва ҳамоишҳои ғайриқонуниро баргузор менамоянд.

ИҶЛОСИЯИ 16-УМ - САРОҒОЗИ СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ (БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни саодатофар барои мардуми кишвар

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2016 Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Парлумони Тоҷикистон соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
 

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 14.11.2023. дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони сохторҳои Кумита ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

“Ба Уқёнуси Ҳинд мебароем”

Вазорати нақлиёт тавофуқ бо Эронро барои истифодаи бандари “Чобаҳор” шарҳ дод. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷузъиёти санад дар бораи интиқоли байналмилалии бор ва транзит тавассути бандари “Чобаҳор”-и Эронро, ки дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ, расиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расид, шарҳ дод.

Ин ёддошти тафоҳумро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳузури президентони ду кишвар рӯзи 8-уми ноябр дар Душанбе ба имзо расониданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро ифтитоҳ намуданд

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ЁДИ "ШАЙХИ ШАРҚШИНОСОН" -И РУС ГИРОМӢ БОД!

Василий Владимирович Бартолд 15 ноябри соли 1869 дар шаҳри Санкт Петербург дар хонаводаи шахси доро ба дунё омадааст.
Асли аҷдодаш аз Ҳамбург буда, ба Россия муҳоҷир шудаанд. Ниёгони падарияш аз мардуми минтақаи соҳили дарёи Балтик будаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби нӯшокиро ба истифода доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали “Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд.

Бо пурра татбиқ шудани ин лоиҳа, ки 2 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 14 ҳазор нафар сокинони деҳоти Зарзамин бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд.

Страницы

Яндекс.Метрика