ЯК_ҒАЗАЛ !

Чун ба гетӣ ҳар чи меояд, равон хоҳад гузашт,
Хуррам он кас, к-ӯ накуном аз ҷаҳон хоҳад гузашт.
Новаки гардун ки ояд, аз ҳама наззора кун,
К-аз каён бигзашт, то низ аз каён хоҳад гузашт.
Ҷуз зи як кас нагзарад як тир, бин дар кеши чарх,
К-аш яке тир аст, лек аз ҳамгинон хоҳад гузашт.
Он ки мегӯяд, ки хоҳам дид поёни ҷаҳон,
Баски бар болои мо пиру ҷавон хоҳад гузашт.
Гар ҷавон гар пир, чун мо бигзарем аз ин ҷаҳон,
Гар бихоҳӣ дид, гӯ то бар чи сон хоҳад гузашт.
Чун гурезам аз ҷафои осмон, чун оқибат

Бо ман аз дин сӯҳбат накунед

Бо ман аз дин сӯҳбат накунед. Бигзоред ман динро дар кирдори Шумо бинам.

Лев Толстой

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ ИТТИЛООТИИ ТЭТ НАҲЗАТ ВА ГУРӮҲИ 24 ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ БА ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН

Дар замони муосир ҳузур надоштан дар фазои маҷозӣ дар шароити феълӣ барои насли наврас ва бавижа, насли ҷавон номумкин аст, зеро ки ҷаҳони мутамаддини инсонӣ бо ин тарзи иртиботи гурӯҳию ҷамъӣ зиндагӣ мекунад ва дур будан аз ин гуна муҳити иттилоотӣ ва расонаӣ дур будан аз воқеият ҳисобида мешавад.

Қонуни танзим асоси рушди иҷтимоии ҷомеа

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон миллати қадима буда, таърихи бою ғанӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозаистиқлол баҳисоб меравад, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ то ба имрӯз баҳри пешравию шукуфоии кишварамон заҳмат мекашад, нисбати халқ ғамхории падарона дорад, то ки зиндагии мардум орому осуда бошад. 
 

ПЕШГИРИИ ТАБЛИҒОТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИФРОТӢ

Дар ҳама давру замон танҳо давлату миллате, ки ба илму маориф рӯ оварда, ба ташаккули маърифати зеҳнии мардум назари хоса зоҳир менамояд, дар амри болоравии сатҳи зиндагӣ ва дониш, ғанои иқтисодиёт ва раҳоӣ аз зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа хатарнок муваффақ мегардад. 
Маҳз, нуфузи илму фарҳанги асил аст, ки ин давлати миллии моро ба як мулки ободу зебо табдил дода, тавассути фурӯғи маърифат мақбули хосу ом гардонид.

Роҷеъ ба он ки ифрот сифати зотӣ ва ё эндогении ислом аст

Барои муборизаи дуруст бурдан бо ифроти динӣ қабл аз ҳама зарур аст ошкор кард, ки ин ҳаракату амалҳои ифротӣ ҳамчун унсури зотӣ ва ҷузъи ногузири ҳастии ислом ҳамчун дин таркибан баромад мекунанд (тундравии зотӣ) ва ё ифроту террор иллатҳо, бемориҳои иҷтимоию паразитиеанд, ки фазои мусоиди сабзишро вобаста ба замону макон дар сутуни фарҳанг ва ҷаҳонбинии исломӣ пайдо кардаанд (тундравии эндогенӣ)  ва ё ҳолати аксуламали рафтори номутаносибест, ки зери фишори неруҳои беруна дар он пайдо шудааст (тундравии экзогенӣ). 

Рӯбоҳ ба шери гурусна гуфт:

Рӯбоҳ ба шери гурусна гуфт:
- Ту харро бикуш, ман ҳам саҳме бармедорам,
Шер гуфт:
- Чи тавр?
- Ба хар бигӯ: “Мо ниёз ба интихоби султон дорем”

Қатъан ту интихоб мешавӣ ва баъд дастур бидеҳ то харро бикушам.

Шер қабул кард ва харро садо зад.

Шер шаҷараномаашро хонд ва гуфт:
- Ҷадд андар ҷадди ман султон буданд.
Рӯбоҳ гуфт:
- Ман ҳам ҷадд андар ҷаддам хидматкори султон будаем.
Хар гуфт ман савод надорам ва шаҷараномаам зери суми ақибам навишта шуда аст!!!

Усули мухолифат бо ифротгароии динӣ

Страницы

Яндекс.Метрика